Раҳмон аҳзобу созмонҳоро ба эҳтиёткорӣ фаро хонд

  • 26 Июн, 2014
Эмомалӣ Раҳмон Image copyrightBBC World Service
Image caption Эмомалӣ Раҳмон аҳзобу созмонҳоро ба эҳтиёткорӣ фаро хонд

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳзоби сиёсӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ ва расонаҳои ин кишвар хоста, ки “дар арзёбии масоили сиёсию иҷтимоъии ҷомеъа ба хотири ҳимоят аз истиқлоли давлатӣ, манфиъатҳои миллӣ, ҳифзи амният ва саботи сиёсию оромии ҷомеъа хеле эҳтиёткору бомулоҳиза" бошанд.

Аммо дар паёми табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати "Рӯзи ваҳдати миллӣ", ки субҳи панҷшанбеи 26 июн дар торнамои риёсати ҷумҳурӣ мунташир шуд, ин дархост ташреҳ нашудааст.

Ҳамчунин, дар ин паём ба фаъъолиятҳои аҳзоби сиёсию созмонҳои ғайридавлатӣ, ки манофеъи миллӣ ва саботи сиёсию оромии ҷомеъаро хадшадор мекунад, ишорае нашудааст.

Ин дар ҳолест, ки масъулони Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ), ҳизби умдаи мухолифи давлат ва яке аз ҷавониби сулҳи ин кишвар, аз афзоиши фишори ниҳодҳои давлатӣ бар аъзои ин ҳизб шикоят кардаанд.

Дар моҳи ҷорӣ, ки ҲНИТ онро "моҳи ваҳдати миллӣ" эълом карда, гурӯҳе аз ҷавонону занон дар шаҳри Кӯлоб ба сӯйи худрави ҳомили Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ин ҳизб, ва ҳамроҳонаш тухми мурғу гавҷафарангӣ (помидор) партоб карданд. Биноҳои бахшҳои ҲНИТ дар шаҳрҳои Хуҷанду Панҷакент дар вилояти Суғд тахриб ва мавориди фишор бар аъзои ҳизб бештар шудааст.

Оқои Раҳмон дар паёми хеш ба мардуми Тоҷикистон ваҳдати миллиро "сутуни давлату миллат" арзёбӣ карда ва гуфт, ки ҳар сокини кишвар бояд бо заҳмати созанда ин пояи давлатдории миллиро таҳким бахшад.

Ҳафдаҳ сол қабл, дар рӯзи 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав миёни давлати Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухолифони давлат пас аз панҷ соли чанги дохилӣ созишномаи сулҳ имзо шуд.

Президент Раҳмон ин созишномаро "санади сарнавиштсоз" хонд, ки ба хотири "ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар, таъмини сулҳу сабот, сарҷамъии миллат ва зиндагии ороми сокинони мамлакат" ба имзо расида ва ба ҷанги таҳмилӣ поён додааст.

Оқои Раҳмон дар паёми худ дастёбӣ ба сулҳро ҳосили "талошҳои пайгиронаи ҳукумати Тоҷикистон ва пуштибонии халқи азизи Тоҷикистон" хонда ва аз ҷониби дигари сулҳ, собиқ Иттиҳоди мухолифон ва Ҳизби наҳзати исломии кишвар ном набурдааст.

Зимнан, ду рӯз қабл дар ҳамоиши ҲНИТ дар иртибот бо "Рӯзи ваҳдати миллӣ" таъкид шуд, ки дар чанд соли ахир ба ҳангоми таҷлил аз ин рӯз мақомот аз ҷониби дигари сулҳ ёдоварӣ намекунанд ва дар ин замина танҳо ба хидмату заҳматҳои давлат ва шахси Эмомалӣ Раҳмон ишора мешавад.

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони саршинос, зимни суҳбат дар ин ҳамоиш гуфт, дар ҳоле ки ба Президент Раҳмон, ки як ҷониби сулҳи тоҷикон аст, унвони Қаҳрамони Тоҷикистон эъто шуд, аммо номи Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари мухолифон, ки ба созишномаи сулҳ имзо гузошт, фаромӯш шудааст.

Ҳамчунин, ширкаткунандагони ин ҳамоиш ба иҷро нашудани таъаҳҳудоти давлати Тоҷикистон ва нукоти асноди созиши миллӣ ишора карда ва гуфтанд, аз 251 симати давлатӣ, ки тибқи созишнома ба намояндагони Иттиҳоди мухолифон вогузор мешуд, ба онҳо танҳо 49 симат дода шуд.

Ҳоло масъулони ҲНИТ танҳо аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, то дар чорчӯби созишномаи сулҳи тоҷикон, санади ҳамдигарбахшӣ ва қавонини кишвар, барои фаъъолияти озоди аҳзоби мухолиф, бахусус Ҳизби наҳзати исломӣ, шароити мусоъидеро фароҳам кунанд.

Дар ҳамин ҳол, Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ, дар паёми табрикии худ ба муносибати "Рӯзи ваҳдати миллӣ" аз вуҷуди "душманони ваҳдат" дар ҷомеъаи Тоҷикистон ҳушдор додааст.

Вай гуфтааст, ки ин афрод "ба ҳар васила талош менамоянд, ки ваҳдатро барҳам бизананд ва ё ҳадди ақал, онро дар чашми мардум камарзиш нишон бидиҳанд."

Оқои Кабирӣ гуфтааст: "Бо камоли таассуф бояд эътироф кард, ки онҳо то ҳадде ба мақсади худ расидаанд. Агар дирӯз сулҳу ваҳдати мо натиҷаи муколама ва созиши андешаҳо ва афкори диниву дунявӣ дар кишвар буд, имрӯз ин доираҳо муваффақ гаштаанд, ки аз нав фазои мухолафат ва нобовариро эҷод намоянд. Қадам ба қадам ҷойи муколамаро туҳмату таҳқир ва ҷойи созишро фишору таҳдид гирифта истодааст."

Ба гуфтаи ӯ, танҳо талошҳои мақомоти кишвар, сабру таҳаммул ва азхудгузаштагии мардум ва нерӯҳои сиёсии масъулиятшинос боъиси ҳифзи сабот гаштааст: "Сабре, ки рӯз то рӯз тарафдоронаш камтар мешаванд ва таҳаммуле, ки аз тарафи доираҳои моҷароҷӯ мавриди сӯистифода қарор мегирад."

Раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз ҳамватанони сулҳҷӯ ва ваҳдатхоҳ даъват карда, ки дасти ҳамдигарро бигиранд ва сарфи назар аз масъулият, мақом, узвият дар ин ё он ҳизб ва қавму мазҳаб дар атрофи ормонҳои миллӣ, ки дар созишномаи сулҳ ва ризояти миллӣ сабт шудаанд, муттаҳид шаванд.

Матолиби муртабит