Кувайт омодаи ифтитоҳи Маркази “Васатия” дар Тоҷикистон аст

  • 6 Май, 2014
Раҳмон-Ал-ФаллоҳImage copyrightBBC World Service
Image caption Дар дидори оқои Раҳмон бо Абдуллоҳ ал-Фаллоҳ тавсеъаи бештари ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни Тоҷикистону Кувайт ва ҳамгиройӣ миёни кишварҳои мусалмонӣ низ баррасӣ шудаанд (Акс аз торнамои president.tj)

Як масъули давлати Кувайт гуфт, ки кишвараш омода аст Маркази ҷаҳонии “Васатия”-ро дар Тоҷикистон ифтитоҳ карда ва коршиносони тоҷикро омӯзиш диҳад.

Маркази ҷаҳонии “Васатия” аз созмонҳои умда дар мубориза алайҳи террурисму ифротгаройӣ ва дар ҷаҳони ислом тарғибгари ойни таҳаммулпазирӣ маҳсуб мешавад.

Ҳамчунин, баъд аз зӯҳри душанбеи 5 май, дар ҷараёни дидори Одил Абдуллоҳ ал-Фаллоҳ, муъовини аввали вазири авқофи Кувайт ва раиси Маркази ҷаҳонии “Васатия” бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, масоили марбут ба муқобала бо аҳзобу созмон ва ҷунбишҳое, ки бо истифода “аз номи поки дини мубини ислом” барои бароварда сохтани манофеъи сиёсии худ талош мекунанд, матраҳ шудааст.

Бино ба иттилоъи дафтари матбуъоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, оқои Раҳмон дар ин дидор хостори ироъа кумакҳои молӣ ба кишварҳои ақибмондаи мусалмонӣ ва иттихози тадобири мушаххас барои аз байн бурдани фарқият миёни кишварҳои сарватманду фақир дар ҷаҳони ислом шуда ва ин амрро “ба манфиати кулли Уммат” арзёбӣ кардааст.

Дар ин дидор мавзӯъоти тавсеъаи бештари ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни Тоҷикистону Кувайт ва ҳамгиройӣ миёни кишварҳои мусалмонӣ низ баррасӣ шудаанд.

Зимнан, дар солҳои ахир равобити Тоҷикистон бо Кувайт густариш ёфта ва миёни ин ду кишвар чанд санади ҳамкорӣ имзо шудааст.

Аз ҷумла, дар ҷараёни дидори Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз Кувайт дар моҳи июни соли гузашта 6 санади ҳамкорӣ дар бахшҳои ҷаҳонгардӣ, фарҳангу ҳунар, беҳдошт, ҷилавгирӣ аз молиёти дукарата ва лағви муқаррароти визо барои соҳибони шиносномаҳои диплумотику хидматӣ ба имзо расида буд.

Эмомалӣ Раҳмон бо Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ, амири Кувайт дидор карда ва ба ӯ нишони Исмоъили Сомонӣ, нишони олии Тоҷикистон эҳдо карда, амири Кувайт ба навбаи худ ба Президент Раҳмон нишони олии “Муборак ал-Кабир” дараҷаи аввали ин кишварро тақдим карда буд.

Ҳамчунин, Кумисиюни муштараки байнидавлатии Тоҷикистон ва Кувайт дар заминаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ таъсис шуда ва роҳҳои иҷрои тавофуқоти имзошуда ва ташхиси самтҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ мекунанд.

Вале ба гуфтаи коршиносон, то ҳол давлати Кувайт дар иқтисоди Тоҷикистон сармояи чашмгире ворид накарда ва мизони табодули коло миёни ин ду кишвар низ дар соли гузашта ҳудуди 20 милюн дулорро ташкил додааст.

Матолиби муртабит