Омодагии Чин ба ҳимоят аз афзоиши зарфияти дифоъии Тоҷикистон
Image copyrightBBC World ServiceВазири дифоъи Чин гуфтааст, ки кишвараш омода аст дар оянда низ аз таҳкими истиқлоли Тоҷикистон ва тақвияти зарфияти дифоъии ин кишвар ҳимоят кунад.
Бар асоси иттилоъи сойти расмии риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, Чонг Вонкувон дар ҷараёни мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии ин кишвар, ҳамчунин гуфтааст, ки Чин аз ин ба баъд низ аз Тоҷикистон дар заминаи мубориза бо терурисм ҳимоят хоҳад кард.
Оқои Раҳмон ба навбаи худ аз Чин ба унвони кишвари дӯст ва шарики боэътимоди Тоҷикистон ном бурдааст. Вай аз таҳкиму густариши ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба бо Чин, аз ҷумла дар ҷиҳати мубориза бо хатароти ҷаҳони муъосир, монандаи терурисм ва ифротгароӣ, истиқбол кардааст.
Мулоқоти оқои Вонкувон бо оқои Раҳмон субҳи рӯзи душанбеи 31 март доир шуд. Дар ин дидор ҷонибҳо дар канори масоили мухталифи сиёсӣ ҳамкориҳои низомӣ ва фаннӣ миёни ду кишварро баррасӣ кардаанд.
Тибқи иттилоъи дафтари риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқоти оқоён Вонкувон ва Раҳмон ҳамчунин вазъияти кунунӣ ва дурнамои Афғонистон ва тақвияти муроқибат аз марзи ҷанубии Тоҷикистон баррасӣ шудааст.
Чонг Вонкувон, ки барои ширкат дар мулоқоти вузарои дифоъи кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шонгҳой ба Тоҷикистон омадааст, риёсати ин кишвар дар ин созмонро муассир арзёбӣ кардааст.
Ин мулоқот қарор аст фардо дар шаҳри Хучанд, маркази вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон, доир шавад.
Чонг Вонкувон, вазири дифоъи Чин, рӯзи гузашта бо Шералӣ Мирзо, ҳамтои тоҷики худ, низ мулоқт дошт ва дар ҷараёни он ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳои низомӣ миёни кишварҳояшонро баррасӣ кардаанд.
Тавре ки манобеъи дафтари матбӯъотии вазорати дифоъ хабар доданд, дар ин мулоқот имкони ширкати низомиёни тоҷик дар тамриноти низомии муштараки "Маъмурияти сулҳи-2014", ки қарор аст тобистони соли ҷорӣ дар Чин доир шавад, баррасӣ шудааст.
Вазири дифоъи Чин ҳамчунин аз як бино барои афсарони низомии Тоҷикистонро, ки бо сармояи Чин дар соли 2012 бунёд шуда буд, дидан кардааст. Чин барои бунёди ин сохтмон ҳудуди 12 милюн дулор кумаки молӣ ихтисос дода буд.
Коршиносон нақши Чинро дар бозсозӣ ва бунёди таъсисоти дигари зербиноӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла роҳҳои иртиботӣ ва тунелҳо, муассир мехонанд.
Чин аз ҷумлаи ҳамсояҳои қудратманди Тоҷикистон аст, ки ҳамкориҳои иқтисодияш бо ин кишвар дар ҳоли афзоиш аст. Сармоягузории Чин дар тарҳҳои мухталифи Тоҷикистон аз бунёди роҳҳову тунелҳо гирифта, то тарҳҳои энержӣ ва кишоварзӣ беш аз 1,6 милёрд дулор арзёбӣ мешавад.
