Поёни рӯзҳои синемои Чин дар Душанбе

  • 26 Ноябр, 2013
Саҳнае аз филми "коротеи бача"
Image caption Рӯзҳои синемои Чин дар Душанбе бо намоиши филми "Коротеи бача" поён ёфт

Баъд аз зуҳри рӯзи сешанбеи 26-уми ноябр дар толори “Вафо сентр” дар шаҳри Душанбе филми “Коротеи бача” намоиш дода шуд.

Нақши аслиро дар ин филм Ҷеи Чан, ҳунарпешаи шинохтаи чинитабори омрикоӣ, бозӣ кардааст.

Тайи чаҳор рӯз, аз 23 то 26 ноябр алоқамандони синемои чинӣ ҳамарӯза дар маркази “Вафо сентр” дар шаҳри Душанбе имкон доштанд филмҳои пуртарафдори чиниро тамошо кунанд.

Бахтиёр, донишҷӯйи соли дувуми Донишкадаи забонҳо, ки забони чинӣ меомӯзад, мегӯяд, ки дар ин чаҳор рӯз ҳамаи филмҳои ба намоиш даромадаро тамошо кардаст.

Ӯ гуфт: “Ман алоқамандии зиёде дорам ба ҳунару фарҳанги мардуми Чин ва дар ин чанд рӯз тавонистам иттилоъи бештаре дар ин бора бигирам. Ҳамчунин, бо чанде аз гӯяндагони забони чинӣ гуфтугӯ кардам. Пас аз омӯзиши забони чинӣ мехоҳам таҳсилро дар бахши роёна дар Чин идома диҳам.”

Ҳамчунин, дар баробари тамошочиёни тоҷик, ки ба тамошои филмҳои синемогарони чинӣ меомаданд, чиниҳое ҳам, ки дар арсаҳои мухталиф дар шаҳри Душанбе кору фаъъолият мекунанд, хеле зиёд буданд.

Мубтакирони баргузории рӯзҳои синемои Чин дар шаҳри Душанбе сафорати Чин дар Тоҷикистон, маркази омӯзишии Конфутсий дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Анҷумани дӯстии Тоҷикистону Чин буданд.

Як масъули маркази омӯзишии Конфутсий дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гуфт, ки алоқамандони забон ва ҳунару синемои чинӣ дар Тоҷикистон метавонанд ҳамарӯза дар ин марказ бо тозатарин адабиёт дар бораи Чин ошно шаванд ва филмҳои мавриди алоқаи худро тамошо кунанд.

Ҳамчунин масъули ин марказ афзуд, ки ин иттилоъот ба таври ройгон дар ихтиёри алоқамандон гузошта мешавад.

Дар чорчӯби ин барнома чаҳор филми “Хуа Мулан”, “Жен тзай тзю ту” , “Биҳишт канори дарё” ва “Коротеи бача”, ки фарҳангу тамаддуни чиниро муъаррифӣ мекунад, намоиш дода шуданд.