Коргарони чинию тоҷик хатти лӯлаи гоз бунёд мекунанд

  • 11 Март, 2014

Ширкати миллии “КННК”-и Чин ва ширкати “Тоҷиктрансгоз” дар мавриди таъсиси корхонаи муштараке барои бунёди хатти лӯлаи гоз мувофиқатномаеро имзо кардаанд.

Бино ба иттилоъи хабаргузории “Синҳуо”-и Чин, ин санад дар шаҳри Пекан имзо шуда ва дар назар аст, ки аз тариқи ин лӯла гози Туркманистон ба Чин интиқол дода шавад.

Зимнан, дар моҳи сентябри соли гузашта миёни Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ мувофиқатномае дар бораи эҳдоси лӯлаи гози мавсум ба “Осиёи Марказӣ-Чин” имзо шуда буд.

Тибқи ин тавофуқ бахше аз ин хатти лӯлаи гоз аз тариқи Тоҷикистон убур карда ва қарор аст дар соли ҷорӣ бунёди ин қисмати хатти лӯлаи шурӯъ шавад.

Дар назар аст, ки аз тариқи лӯлаи гози “Осиёи Марказӣ-Чин” ҳамасола аз Туркманистон ба Чин ба миқдори 25 милёрд метри мукаъъаб гози табиъӣ мунтақил шавад.