Боз шудани парванда алайҳи ду раҳбари чинии корхонаи "Зарафшон"
Image copyrightnoneОжонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон алайҳи Ли Фен ва Лю Даоин, раҳбарони корхонаи муштараки истихроҷи тилои “Зарафшон”, ба иттиҳоми напардохтани молиёт парванда боз кардааст.
Милопар Бандишоев, муъовини раиси ин ожонс, рӯзи сешанбеи 4 феврал дар нишасте хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, ки ин ду нафар атбоъи Чин буда ва феълан мамнӯъ-ул-хуруҷ шудаанд.
Гуфта мешавад, масъулони корхонаи муштараки “Зарафшон” дар гузоришҳои молӣ сатҳи даромади корхонаро пойин нишон дода ва аз ин тариқ аз моҳи январи соли 2010 то моҳи июли соли 2012 ба будҷеи давлати Тоҷикистон ба маблағи 7 милюну 200 ҳазор сомонӣ ё ҳудуди 1,5 милюн дулори омрикоӣ пардохт накардаанд.
Оқои Бандишоев гуфт, ки рӯзи 28 январ Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон тибқи моддаи 292 (қисми 2)-и Қонуни кайфарӣ ё ҷиноии ин кишвар, ба иттиҳоми “сарпечӣ аз пардохти молиёт” алайҳи онҳо парванда боз карда ва ҳамакнун корҳои бозрасӣ идома дорад.
Дар ҳамин ҳол, Фаттоҳ Саидов, раиси ин ожонс, гуфт, ки дар тобистони соли гузашта алайҳи сарҳанг Хайриддин Алиев, раҳбари бахши Вазорати умури дохила дар шаҳри Панҷакент, низ парванда боз шуда буд.
Ба гуфтаи оқои Саидов, аз 8 иттиҳоми матрӯҳа алайҳи Хайридин Алиев 6 иттиҳом ба корхонаи “Зарафшон” рабт дошта ва оқои Алиев бо сӯиистифода аз мақоми хидматӣ маводди сӯхт, сохтмонӣ ва қитаъоти ядакии (қисмҳои эҳтиётии) комюнҳо, назири чархи комюни “КамАЗ”-ро, аз ин корхона ба сирқат бурдааст.
Дар пайи ин ҳодиса Хайриддин Алиев аз симаташ барканор ва аз ҷониби Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон боздошт шудааст.
Корхонаи истихроҷи тилои “Зарафшон”, дар ноҳияи Панҷакент, воқеъ дар шимоли Тоҷикистон, дар соли 1994 бо сармояи ширкати “Commonwealth&British Mineral Ltd”-и Бритониё дар заминаи корхонаи истихроҷи тилои даврони шӯравии пешин таъсис шуда ва дар соли 2007 ширкати чинии “Zijin Mining Group” бахши аслии саҳоми ин корхонаро харидорӣ карда буд.
Феълан 75 дарсади саҳоми корхонаи муштараки истихроҷи тилои “Зарафшон” ба ин ширкати чинӣ мутаъаллиқ буда ва саҳми давлати Тоҷикистон 25 дарсадро ташкил медиҳад.
Бино ба иттилоъи Вазорати саноеъ ва фанноварии ҷадиди Тоҷикистон, дар соли гузашта дар ин корхонаи муштарак ба миқдори 1616 килуграм тило истихроҷ шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2012 ҳафт дарсад афзоишро нишон медиҳад.
