Афзоиши истихроҷи тило дар Тоҷикистон

  • 31 Январ, 2014

Дар соли гузашта дар Тоҷикистон ба миқдори 2764 килуграм тило истихроҷ шудааст, ки ин рақам дар муқоиса бо соли қаблӣ 273,5 килуграм бештар аст.

Корхонаҳои “Зарафшон”, “Тиллои тоҷик” ва “Апреловка” аз истихроҷкунандагони аслии ин навъ филиз маҳсуб мешаванд.

Шавкат Бобоев, вазири саноеъ ва фанноварии ҷадиди Тоҷикистон, рӯзи ҷумъаи 31 январ дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ки корхонаҳои ин кишвар дар сададанд дар соли ҷорӣ мизони истихроҷи тилоро то ба 3 тун афзоиш диҳанд.

Бонки миллӣ ва Вазорати молияи Тоҷикистон аз муштариёни дохилии тило ҳастанд.

Ба гуфтаи Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, дар соли гузашта ин бонк ба миқдори як туну 44 килуграм тило харидорӣ карда ва мизони умумии захираи тило дар ин кишвар ба 13 тун расидааст.

Ҳамчунин, бино ба иттилоъи Вазорати саноеъ ва фанноварии ҷадиди Тоҷикистон, дар соли гузашта истихроҷи нуқра низ афзоиш ёфта ва дар маҷмӯъ як туну 800 килуграм нуқра истихроҷ шудааст.