Пешниҳоди Раҳмон барои лағви низоми раводид дар Осиёи Миёна

  • 23 Апрел, 2014
РаҳмонImage copyrightBBC World Service
Image caption Президент Раҳмон хостори лағви муқаррароти визо дар Осиёи Миёна шуд

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуди низоми раводид ва ё визо миёни бархе аз кишварҳои Осиёи Миёнаро монеъе ҷиддӣ дар роҳи густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар минтақа хонд.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи чаҳоршанбеи 23 апрел зимни суханронии солонааш дар порлумони Тоҷикистон, ки аз тариқи телевизиюнҳои давлатӣ ба таври мустақим пахш шуд, ба ин нукта таъкид кард.

Вай гуфт, ки Тоҷикистон дар муносибатҳояш бо кишварҳои ҳаммарз "ба пешбурди сиёсати дӯстӣ, ҳамсоягии нек, адами мудохила ба корҳои дохилии якдигар, истифодаи воситаҳои диплумотику сиёсӣ барои ҳалли масъалаҳои баҳснок, аз ҷумла масъалаҳои марзӣ ва обу энержӣ" авлавият қоил аст.

Рафъи низоми раводид

Оқои Раҳмон афзуд: "Тоҷикистон тақвияти дӯстии таърихии мардумони Осиёи Марказиро амри усулан зарурӣ медонад ва ҳамзамон бо ин, ҷонибдори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, фарҳангию башардӯстона, равуои озоди одамону нақлиёт ва интиқоли бемамонеъати сармояву хадамот буда, ҷиҳати таҳкими равандҳои ҳамгироӣ ҷонибдори рафъи низоми раводид дар минтақа аст."

Дар миёни кишварҳои Осиёи Миёна Узбакистон ва Туркманистон чандин сол аст, ки бо ҳамсоягони худ, аз ҷумла Тоҷикистон, муқаррароти визо ё раводид доранд.

Президент Раҳмон дар ҳоле хостори лағви муқаррароти визо дар Осиёи Марказӣ шуд, ки се сол қабл ин кишвар пешниҳоди Эрон дар мавриди лағви низоми раводид миёни ин ду кишварро рад карда буд.

Ба гуфтаи ӯ, танҳо дар муттаҳидӣ мардуми Осиёи Марказӣ метавонанд алайҳи ҳама гуна таҳдидҳо дар замони ҷаҳонишаваӣ, назири терурисму бунёдгароӣ, муқобала кунанд.

Эмомалӣ Раҳмон истиқрори амният ва сабот дар Афғонистонро ба суди амнияти минтақа арзёбӣ карда ва гуфт, ки бо хуруҷи нерӯҳои НОТУ аз ин кишвар дар авохири соли ҷорӣ ҷомеъаи ҷаҳонӣ бояд дар бозсозии иқтисод ва беҳбуди вазъи амниятӣ дар Афғонистон саҳми фаъъол гузорад.

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз Русия ва Эрон ба унвони шарикони роҳбурдӣ (истротежик) ном бурд ва аз раванди ҳамкориҳои мухталиф бо ин кишварҳо ибрози ризоят кард. Ҳамчунин, ӯ тавсеъаи ҳамкориҳо бо Чин, Иттиҳодияи Урупо ва Омрикоро аз авалиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон хонд.

Аммо Президент Раҳмон дар паёми имсолаи худ ба порлумон аз ибрози назар дар мавриди буҳрони Укройн ва тасарруфи ҷумҳурии худмухтори Криме аз ҷониби Русия, ки ба масъалае доғ дар арсаи байналмилалӣ табдил шудааст, худдорӣ кард.

Коҳиши молиёт барои бахши хусусӣ

Президент Раҳмон нақши тиҷорат ва бахши хусусиро дар тавсеъаи босуботи иқтисоди Тоҷикистон муҳим ва созанда арзёбӣ кард, вале гуфт, ки дар солҳои ахир фаъъолияти соҳибкорӣ ё бозаргонӣ дар бахши тавлидот дар муқоиса бо бахшҳои тиҷорат ва хадамот коҳиш ёфтааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар қонуни ҷадиди молиёти Тоҷикистон барои тавсеъаи бахши соҳибкории (тиҷорати) хурду миёна 240 навъ имтиёз пешбинӣ шуда ва порсол мизони бархурдории ширкатҳо аз имтиёзот муъодили 3,6 милёрд сомонӣ будааст.

Оқои Раҳмон гуфт, ки дар назар аст, аз моҳи январи соли оянда мизони молиёт аз фоида ё оидот ва истифода аз роҳҳои утумубилрав коҳиш ёфта, аз 1 январи соли 2017 молиёт аз истифода аз роҳҳои утумубилрав комилан лағв шавад.

Интизор меравад, дар зарфи ҳафт соли оянда ба Сандуқи пуштибонӣ аз соҳибкории давлати Тоҷикистон то як милёрд сомонӣ ихтисос дода шавад.

Раиси ҷумҳурӣ пешниҳод кард, ки солҳои 2014-2020 давраи пуштибонӣ аз соҳибкории тавлидотӣ ва рушди саноеъи коркарди маводди хоми ватанӣ эълом шавад.

Тибқи иттилоъи манобеъи расмии Тоҷикистон, феълан танҳо се дарсад аз олуминиюм ва 10 дарсад аз маҳсулоти панба дар дохили кишвар коркард шуда ва мутабоқӣ ба унвони маводди хом ба кишварҳои хориҷӣ содир мешавад.

Ба манзури коҳиши мизони судури маводди хом ба кишварҳои хориҷӣ Президент Раҳмон пешниҳод кард, ки аз маҳсули панба ва пиллаи содиротӣ ба ҷойи молиёт аворизи содиротӣ ситонда шавад.

Ӯ гуфт, дар сурати коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар дохили Тоҷикистон бахши тавлидот тавсеъа ёфта, барои ҳазорҳо нафар машоғил эҷод хоҳад шуд ва будҷеи давлат низ ғанӣ хоҳад шуд.

Оқои Раҳмон дар ҳоле бар зарурати тавсеъаи бахши хусусӣ ва тиҷорат таъкид дорад, ки тайи як соли ахир талошҳое барои мусодираи амволи соҳибкорону тоҷирони саршиносе, чун Зайд Саидов ва пайвандони Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ, идома дорад ва ба гуфтаи таҳлилгарон, ин амр дар фазои сармоягузории Тоҷикистон соя афкандааст.

Таъкид ба идомаи бунёди нерӯгоҳи "Роғун"

Дар ҳоле ки Президент Раҳмон дар паёми соли гузаштааш ба порлумон аз нерӯгоҳи "Роғун" ном набурда буд, дар паёми феълӣ ин нерӯгоҳро барои Тоҷикистон “тақдирсоз” хонда ва гуфт, ки тибқи нақшаи Бонки Ҷаҳонӣ корҳои бозсозӣ дар ин нерӯгоҳ идома дорад.

Ҳамзамон, ӯ таъкид кард, ки дар назар аст, дар соли ҷорӣ нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” бо тавоноии 220 меговот ва бахши дуюми нерӯгоҳи ҳароратии “Душанбе-2” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта ва ин амр то ҳадде ба таъмини нерӯи барқ ва гармӣ барои сокинони кишвар мусоъидат хоҳад кард.

Ҳамчунин, то ба ҳол дар Тоҷикистон 310 нерӯгоҳи кӯчаки обӣ бо тавоноии 29 ҳазор килувот бунёд шуда ва ҳоло сохтмони 10 нерӯгоҳи дигар бо тавоноии 14 ҳазор килувот идома дорад.

Оқои Раҳмон таҷдиду бозсозии нерӯгоҳҳои мавҷудаи обиро аз роҳҳои боло бурдани мизони тавлиди нерӯи барқ хонд ва гуфт, ки дар зарфи 10 соли ахир ба ин манзур 13 милёрд сомонӣ масраф шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, қарор аст дар ҳафт соли оянда барои фаъъолияти устувори зерсохтҳо ва рушди бахши энержӣ 22 милёрд сомонӣ ихтисос дода шавад.

Матолиби муртабит