Омодагии Омрико барои кумак дар таҳкими марзҳои Тоҷикистон
Image copyrightBBC World ServiceЯк мақоми Вазорати хориҷаи Омрико гуфтааст, кишвараш дар садад аст, ба Тоҷикистон дар таъмини амнияти марзҳояш бо Афғонистон кумакҳои фаннӣ ироъа кунад.
Ниша Десай Бисвал, ёвари вазири хориҷаи Омрико, ки шоми душанбеи 2 июн пас аз дидору гуфтугӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамъи хабарнигорон сӯҳбат мекард, гуфт, Тоҷикистон бо Афғонистон марзи муштараки тӯлонӣ дошта ва барои таҳкими марзҳои ҷанубии худ ба кумакҳои фаннӣ ниёз дорад.
Зимнан, Омрико дар чорчӯби тарҳҳои вижа ба Нерӯҳои марзбони Тоҷикистон дар таҳкими марзҳои ҷанубии ин кишвар, эҳдоси дидбонгоҳҳо ва таъмини марзбонон бо таҷҳизоти муъосири фаннӣ кумак кардааст.
Аз ҷумла, Омрико дар чаҳорчӯби барномаи “Назорати воридот ва амнияти марз” аз соли 2002 то ба ҳол ба Нерӯҳои марзбони Тоҷикистон ба миқдори зарурӣ васоили нақлияю мухобирот, юниформ ё либоси низомӣ ирсол карда ва дар бозомӯзии афсарони неруҳои марзбонӣ кумак кардааст.
Ду соле қабл, Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Омрико дар шаҳри Душанбе ба неруҳои марзбонии Тоҷикистон 22 адад худравҳои ҳарҷогарди тамғаҳои “Polaris Razor” ва “Ranger” эҳдо карда буд.
Ин худрави кӯчаки бо чархҳои бузург, ки ду ҷойи нишаст дорад, дар гаштзании манотиқи душворгузари марзӣ дар постгоҳҳои Панҷ, Фархор ва Шӯрообод аз онҳо кор гирифта мешавад.
Дар соли 2006 низ Омрико ба марзбонони тоҷик 10 адад худравҳои ҳарҷогард эҳдо карда ва ин худравҳо ба ҳангоми гаштзанӣ дар манотиқи душворгузари постгоҳҳои марзии Панҷ, Шаҳртус ва Шӯроободи марзи Тоҷикистон бо Афғонистон истифода шуда буд.
Ниша Десай Бисвал ба манзури ширкат дар машварати сиёсии солонаи Тоҷикистону Омрико дар раъси як ҳайъати Омрико вориди шаҳри Душанбе шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, қарор аст, ҳайъатҳои ин ду кишвар тавсеъаи ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятӣ ва ҳуқуқи башарро баррасӣ кунанд.
Бино ба иттилоъи дафтари матбуъоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷараёни дидори хонуми Бисвал бо Президент Раҳмон дар канори тавсеъаи ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои энержӣ, кишоварзӣ, беҳдошт, маориф ва зистмуҳитӣ мавзӯъи дурнамои амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ пас аз хуруҷи нерӯҳои НОТУ аз Афғонистон дар авохири соли ҷорӣ низ матраҳ шудаст.
Дар назар аст, Ниша Десай Бисвал, ёвари вазири хориҷаи Омрико, бо диплумотҳои ҷавони тоҷик ва намояндагони бахши хусусии ин кишвар дидор кунад.
