Дидори Президент Раҳмон аз Молезӣ
Image copyrightBBC World ServiceИмрӯз дар шаҳри Куоло-Ломпури Молезӣ мулоқоти раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо раҳбарони баландпояи Молезӣ баргузор хоҳад шуд.
Тибқи хабари сойти расмии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, баъд аз зуҳри рӯзи 22 Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми як сафари расмии серӯза ба Молезӣ рафтааст.
Дар ин сафар ҳайъате аз мақомоти ниҳодҳои мухталифи Тоҷикистон, аз ҷумла Сироҷиддин Аслов, Шариф Раҳимзода вазирони умури хориҷа ва рушди иқтисоду тиҷорати Тоҷикистон, Нуриддини Саид, вазири маъориф ва улум, Эркин Раҳматуллоев, ёвари раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳӣ мекунанд.
Дар хабари сойти расмии раёсати ҷумҳурӣ омадааст, ки дар ҷараёни ин сафари расмӣ, ки қарор аст, оқои Раҳмон бо Абдулҳалим Муъаззам, подшоҳи Молезӣ ва Наҷиб Абдурразоқ, нахуствазири он кишвар мулоқотҳо анҷом диҳад.
Дар ҷараёни ин сафар санадҳои ҳамкориҳои миёни ду кишвари Тоҷикистон ва Молезӣ дар арсаҳои иқтисод, илм ва фанноварӣ, омӯзишу парвариш, ҷаҳонгардӣ ва варзиш ба имзо хоҳанд расид.
Ҳамчунин, дар шаҳри Куоло-Ломпури Молезӣ ҳамоиши корофаринони Молезӣ ва Тоҷикистон барои оғози ҳамкориҳо миёни онҳо дар назар аст.
Дар сойти расмии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон зимни пахши хабар аз сафари Президент Раҳмон ба Молезӣ аксе аз ҷараёни он пахш шуда, ки дар он ҳамсари ӯ низ дар ин сафар ӯро ҳамроҳӣ мекунад.
Бар асоси иттилоъи расмӣ, равобити диплумотики миёни Тоҷикистон ва Молезӣ дар соли 1992 оғоз шуда ва то ҳол ҳамкориҳои ин ду кишвар нокофӣ арзёбӣ мешаванд.
Мизони табодули коло миёни ин ду кишвар дар соли гузашта ҳудуди 400 ҳазор дулори Омрикоро ташкил медод, ки дар муқоиса ба даврони мушобеҳ дар соли 2012 ҳаҷми он беш аз 500 ҳазор дулор камтар будааст.
