Имзои панҷ санади ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Покистон

  • 17 Июн, 2014
Навоз Шариф ва Раҳмон Image copyrightBBC World Service
Image caption Ҷонибҳо дар суханронӣ бар аҳаммияти иҷрои пружеи “CASA-1000” дар минтақа таъкид карданд

Дар ҷараёни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ва Навоз Шариф, нахуствазири Покистон, панҷ санади ҳамкорӣ миёни ин ду кишвар ба имзо расид.

Рӯзи сешанбеи 17 июн баъд аз анҷоми мулоқоти ҷонибҳо, аз ҷумла ниҳодҳои интизомии Покистону Тоҷикистон мувофиқатномае дар мавриди таъсиси гурӯҳҳои кории ду кишвар барои муборизаи муштарак бо терурисми байналмилалӣ имзо карданд.

Ҳамчунин, вазирони маъорифи ду кишвар ва раҳбарони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии забонҳои Покистон, як санади ҳамкорӣ имзо карданд.

Дар заминаи ҳамкорӣ дар риштаи нассоҷӣ миёни вазирони саноеъи ду кишвар як ёддошти тафоҳум имзо шуд. Раиси Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва раҳбари идораи китобхонаҳои давлати Покистон низ санадеро дар бораи оғози ҳамкориҳо имзо карданд.

Ин нахустин дидори расмии оқои Шариф аз Тоҷикистон ва мулоқоти ӯ бо Президент Раҳмон аст. Вай бо ҳайъате аз мақомоти кишвараш имрӯз ба Тоҷикистон ворид шуд.

Президент Раҳмон ва нахуствазири Покистон дар нишасти матбӯъотие баъд аз анҷоми мулоқот ва маросими имзои санадҳо суханронӣ карданд. Ҷонибҳо дар суханронӣ бар аҳаммияти иҷрои тарҳи бузурги минтақаии “CASA-1000” таъкид карданд.

Оқои Раҳмон гуфт, ки бо оқои Шариф дар мавриди таъсиси корхонаҳои муштарак ва сармоягузорӣ дар барномаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Тоҷикистон низ гуфтугӯ кардааст.

Президент Раҳмон афзуд: "Мо бори дигар таъйин намудем, ки барои афзоиши бештари тиҷорат ва гардиши молҳо (коло), имзои мувофиқатномаи сеҷонибаи тронзитӣ миёни Тоҷикистон, Покистон ва Афғонистон аҳаммияти зиёд хоҳад дошт. Дар ин замина сурат бахшидан ба раванди ҳамоҳангсозии тарҳи ин санад зарур дониста шуд."

Оқои Раҳмон ҳамчунин ба зарурати пайвастани Тоҷикистон ба мувофиқатномаи чаҳоргонаи Покистон, Чин, Қазоқистон ва Қирғизистон таъкид кард. Вай афзуд: "Дар ин сурат соҳибкорону тоҷирон ва сайёҳони (ҷаҳонгардони) Тоҷикистон бо яке аз роҳҳои наздиктарин метавонанд ба Покистон раванд.”

Оқои Раҳмон ҳамчунин гуфт, ки дар ҷараёни мулоқоти худ бо оқои Шариф масъалаи сулҳ ва сабот дар Афғонистон ва минтақаро низ баррасӣ кардааст. Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон идомаи муколима миёни Покистону Ҳиндро зарурӣ медонад ва аз мулоқоти ахири раҳбарони ду кишвар истиқболи гарм кардааст.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Навоз Шариф гуфт, ки кишвараш ба тақвияти ҳамкориҳо бо Тоҷикистон алоқаманд аст

Навоз Шариф, нахуствазири Покистон, дба навбаи худ гуфт, ки сафари вай ба Тоҷикистон баёнгари алоқаи кишвараш ба тақвият ва таҳкими ҳамкориҳо бо Тоҷикистон аст.

Оқои Шариф бо таъкид ба имзои мувофиқатномаҳо бо Тоҷикистон гуфт: "Барои таъмини рушди иҷтимоъӣ ва иқтисодии кишварҳоямон мо бояд таҳдиду падидаҳои нангини терурисм ва ифротгароиро рафъ намоем. Имрӯз мо дар робита бо сифатан боло бурдани ҳамкориҳо дар мубориза алайҳи ин таҳдидҳо,тасмимот ва омодагии худро бори дигар таъкид намудем."

Оқои Шариф гуфт, ки Покистон ва Тоҷикистон аз таҳдиду хатароти ношӣ аз қочоқи маводди мухаддир, ҷароими созмонёфтаи байналмилалӣ ва қочоқи инсон шадидан нигарон ҳастанд: "Мо тавофуқ кардем, ки алайҳи ин таҳдидҳо муборизаи муштарак ва беамон барем."

Вай ҳамчунин гуфт, ки Покистон ҷонибдори сулҳу сабот ва рушди Афғонистон баъд аз соли 2014, баъд аз хурӯҷи нерӯҳои ғарбӣ аз он кишвар будааст. Дар мулоқоти имрӯз ҳайъатҳои кории ду кишвар низ дар ҳамоише мавзӯъи тақвияти ҳамкориҳои миёни Покистону Тоҷикистонро матраҳ карданд.

Қарор аст, ки Навоз Шариф, нахуствазири Покистон дар ҷараёни сафари дурӯзаи худ бо Қоҳир Расулзода, ҳамтои тоҷики худ низ, мулоқоте анҷом диҳад.

Бар асоси иттилоъи расмӣ, то ҳол миёни Покистону Тоҷикистон ҳудуди 40 санади ҳамкорӣ имзо шудааст. Муносиботи диплумотик миёни Покистон ва Тоҷикистон дар соли 1992 оғоз шуд.

Дар 22 соли барқарории равобити миёни ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон чаҳор маротиба сафари расмӣ ба Покистонро анҷом дода ва раиси ҷумҳурии Покистон се бор бо дидорҳои расмӣ ба Тоҷикистон омадаанд.

Дар мулоқоти имрӯз низ оқои Раҳмон хабар дод, ки Навоз Шариф ӯро барои боздид ба Покистон даъват кардааст ва ин сафар дар ояндаи наздик анҷом хоҳад гирифт.

Дар соли 2013 мизони табодули коло миёни Тоҷикистону Покистон беш аз 84 милюн дулорро ташкил додааст, ки беш аз 64 милюн дулор аз он воридоти коло аз Покистон аст.

Матолиби муртабит