Раҳмон Суисро яке аз умдатарин шарикони кишвараш дар Урупо хонд
Image copyrightBBC World ServiceРаиси ҷумҳурии Тоҷикистон Суисро яке аз умдатарин шарикони кишвараш дар Урупо хондааст.
Эмомалӣ Раҳмон рӯзи сешанбеи 8 июл ин матлабро дар мулоқоти худ бо Эвелин Видмер-Шлумпф, вазири дороии Суис, иброз доштааст.
Торнамои риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 8 июл навишт, ки ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот ҳамкориҳо дар масоили мухталиф, аз ҷумла иқтисодӣ ва тиҷорӣ миёни кишварҳояшонро баррасӣ кардаанд.
Оқои Раҳмон гуфтааст: “Мо Швейтсария (Суис)-ро яке аз шарикони муҳимми худ дар қитъаи Аврупо (Урупо) медонем ва ба густариши робитаҳо бо он таваҷҷуҳи хос дорем.”
Вай ҳамчунин аз ҳамкориҳо бо Суис дар чорчӯби созмонҳои байналмилалии молӣ, аз ҷумла Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ изҳори ризоят кардааст.
Баро асоси иттилоъи манобеъи расмӣ, феълан дар Тоҷикистон даҳ пружеи мухталифи иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ ба маблағи 67 милюн дулори омрикоӣ баз сӯйи Суис сармоягузорӣ мешавад.
Намояндагии Дафтари Ҳамкориҳои Суис дар Тоҷикистон фаъъолият дорад ва бо кумаки ин дафтар барномаҳои мухталифи иқтисодӣ, иҷтимоъӣ ва фарҳангӣ дар ин кишвар роҳандозӣ шудааст.
Ҳамчунин, Суис умдатан ба бахшҳои омӯзишу парвариш, беҳдошти Тоҷикистон ва барои поксозии манотиқи ин кишвар аз мин кумакҳои билоъивази молӣ ироа мекунад.
Суис аз кишварҳои аслии воридкунандаи маҳсули панба ва олуминиюми Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
Тибқи гузоришҳои расмӣ, мизони табодули коло миёни Суис ва Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш буда ва дар панҷ моҳи соли ҷорӣ беш аз 141 милюн дулорро ташкил додааст.
Ин маблағ дар муқоиса бо мизони табодули коло дар 12 моҳи соли гузашта 1,7 дарсад афзоишро нишон медиҳад. Дар соли 2013 табодули коло миёни ин кишварҳо беш аз 83 милюн дулори омрикоиро ташкил медод.
Ин дар ҳолест, ки мизони табодули коло миёни ин ду кишвар дар соли 2009 ҳудуди 33 милюн дулори омрикоиро ташкил дода буд ва масъулони давлатӣ сатҳи рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷорӣ миёни Тоҷикистон ва Суисро нокофӣ хонда буданд.
Барои беҳбуди тиҷорати миёни Суис ва Тоҷикистон дар моҳи декабри соли 2010 порлумони Тоҷикистон қарордоде миёни Тоҷикистон ва Суис дар заминаи канорагирӣ аз молиёти музоъафро тасвиб кард.
