Барқияи шодбоши Президент Раҳмон ба раиси ҷумҳурии Омрико

  • 4 Июл, 2014

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар номае унвонии раиси ҷумҳурии Омрико мардуми он кишварро бо Рӯзи истиқлоли Иёлоти Муттаҳида, ки мусодиф бо 4 июл аст, шодбош гуфтааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин нома гуфтааст, ки кишвараш густариши ҳамкориҳо бо Омрикоро аз самтҳои аслии сиёсати хориҷии худ дониста ва ба рушди равобит бо он кишвар таваҷҷуҳи вижа зоҳир мекунад.

Торнамои риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 4 июл хабар дод, ки оқои Раҳмон хитоб ба Борок Убомо гуфта, ки умедвор аст Омрико баъд аз хурӯҷи нерӯҳояш аз Афғонистон ба ҳамкориҳо бо кишварҳои Осиёи Миёна идома хоҳад дод.

Оқои Раҳмон гуфтааст: "Итминон дорем, ки тавассути кӯшишҳои якҷоя сатҳи ҳамкориҳо дар бахшҳои сиёсӣ, амниятӣ ва хусусан тиҷориву иқтисодӣ ба пояҳои баландтар бардошта хоҳанд шуд."

Президент Раҳмон ба ҳамтои худ ва мардуми Омрико комёбиҳои рӯзафзун ва хушрӯзиву саъодат орзу кардааст.