Тақозои Раҳмон барои тақвияти муроқибат аз марз бо Афғонистон

  • 10 Июл, 2014
Президент Раҳмон Image copyrightBBC World Service
Image caption Президент Раҳмон хостори таҳкими бештари марзҳои ин кишвар бо Афғонистон шудааст

Дар остонаи хуруҷи нерӯҳои Ноту аз Афғонистон дар авохири соли ҷорӣ Президент Раҳмон хостори таҳкими бештари марзҳои ин кишвар бо Афғонистон шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи панҷшанбеи 10 июл дар ҷаласаи ҳайъати мушовараи Додситонии кулли кишвар суханронӣ мекард, дар ин маврид сухан гуфт.

Вай дар иртибот ба ин таҳаввул давлати Тоҷикистон, ниҳодҳои низомӣ ва марзбониро муваззаф кард, ки барои омодабоши фаврии воҳидҳои низомӣ, таҳкими инзиботи ҷангӣ, таҳкими сатҳи молию фаннии воҳидҳои низомӣ ва беҳбуди таъмини иҷтимоъии низомиён тадобири зарурӣ андешанд.

Оқои Раҳмон гуфт, ки бо таваҷҷуҳ ба имконот теъдоди дидбонгоҳҳои марзӣ бояд бештар шуда ва онҳо бо таҷҳизоти муъосири фаннӣ муҷаҳҳаз карда шаванд.

Вай аз ҷумла гуфт: "Бо таваҷҷуҳ ба хуруҷи нерӯҳои эътилофи посдори сулҳ аз Афғонистон, ки дар давоми соли ҷорӣ пешбинӣ шудааст, Ҳукумати мамлакат, роҳбарони сохторҳои низомӣ, пеш аз ҳама, Кумитеи давлатии амнияти миллӣ, марзбонон, Вазорати мудофиъа, Шӯрои амният ва дигар сохтору мақомот вазифадоранд, ки доир ба омодабошии ҷузъу томҳои низомӣ, баланд бардоштани интизоми ҳарбӣ, таҳкими асосҳои моддиву техникии қисмҳои ҳарбӣ ва ҳалли масъалаҳои беҳтар намудани ҳифзи иҷтимоъии хидматчиёни ҳарбӣ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ гардонанд."

Ҳамчунин, ӯ ба мақомоти Идораи нерӯҳои марзбонии Кумитеи амнияти миллии Тоҷикистон дастур дод, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои низомӣ ва ниҳодҳои зирабти кишвар мушкили камбуди афсарони марзбонро ҳал ва низоми муътадили муроқибат аз марзро таъмин кунанд.

Қаблан низ мақомоти Тоҷикистон дар мавриди имкони афзоиши таниш дар Афғонистон дар пайи хуруҷи нерӯҳои Ноту ибрози нигаронӣ карда, аз Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ барои таҳкими марзҳои ин кишвар бо Афғонистон дархости кумакҳои фаннӣ карда буданд.

Яке аз чолишҳои умдаи пешорӯи Тоҷикистон пас аз хуруҷи нерӯҳои Ноту аз Афғонистон муқобала бо қочоқи маводди мухаддир аст, ки умдатан аз Афғонистон меояд. Ба изофаи муроқибати заъиф аз марзҳо, таҳлилгарон мегӯянд, ки даст доштани марзбонон ва намояндагони сохторҳои дигари давлатӣ дар қочоқи маводди мухаддир аз мушкилоти ҷиддии Тоҷикистон аст.

Оқои Раҳмон ба ин изъон кард: "Аз соли 2010 то имрӯз 58 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои даст доштан дар муъомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд."

"Маълум мешавад, ки фаъолияти роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ доир ба тарбияти кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи касбии кормандон ва аз рӯи технологияҳои пешрафтаи кодрӣ интихобу ҷобаҷо кардани онҳо ҳанӯз ба талабот ҷавобгӯ нест."

Нигаронӣ аз афзоиши ҷароим

Дар ин ҳамоиш Президент Раҳмон ҳамчунин аз афзоиши мизони ҷароим дар Тоҷикистон ибрози нигаронӣ карда ва гуфт, ки дар соли гузашта мизони ҷароими сангин, назири қатл, роҳзанӣ, тиҷорати (қочоқи) инсон ва авбошӣ дар муқоиса бо арқоми соли 2012 аз 10 то 25 дарсад афзоиш ёфтааст.

Ба гуфтаи оқои Раҳмон, мизони ҷароим дар вилоёти Хатлон 48 дарсад, Суғд 25 дарсад, шаҳри Душанбе 76 дарсад ва дар шаҳри Турсунзода 143 дарсад боло рафта ва 287 ҷиноят бо истифода аз силоҳи оташфишон сурат гирифтааст.

Оқои Раҳмон гуфт: "Ҳарчанд ки то имрӯз аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ даҳҳо ҳазор мил силоҳ ва миқдори зиёди муҳиммоти ҷангӣ мусодира карда шудааст, вале содиршавии ҷиноятҳо нишон медиҳад, ки ҳанӯз ҳам дар дасти аҳолӣ миқдори зиёди силоҳи ғайриқонунӣ мавҷуд аст."

Аз сӯйи дигар, тибқи иттилоъи манобеъи расмии давлати Тоҷикистон, 711 тан аз ҷавонон ба таври ғайрирасмӣ дар муассисоти ба истилоҳ мазҳабии кишварҳои хориҷӣ омӯзиш мебинанд.

Бархе аз ин афрод дар даргириҳои кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Сурия, ширкат дошта ва бино ба иттилоъи манобеъи ғайрирасмӣ, шаш нафари онҳо дар ҷангҳои Сурия кушта шудаанд.

Ал-Ҳасунӣ, муфтии Сурия, дар авохири соли гузашта гуфта буд, ки 190 тан аз атбоъи тоҷик дар суфуфи мухолифон алайҳи нерӯҳои давлати ин кишвар ҷанг мекунанд.

Эмомалӣ Раҳмон афзоиши мавориди қочоқи инсон тавассути гурӯҳҳои созмонёфтаи ҷиноиро таҳдиде барои саботу оромӣ ва амнияти Тоҷикистон унвон кард.

Ӯ гуфт, бо вуҷуди тасвиби Қонуни “Мубориза алайҳи тиҷорати (қочоқи) инсон” ва тадобири давлати Тоҷикистон алайҳи ин падида мавориди қочоқи инсон, бахусус духтарону кӯдакон, ба таври қобили мулоҳиза коҳиш наёфтааст. Дар чаҳор соли ахир танҳо 44 нафар барои даст доштан дар қочоқи инсон боздошт ва зиндонӣ шудаанд.

Оқои Раҳмон гуфт: "Хариду фурӯши одамон берун аз кишвар, алалхусус хариду фурӯши кӯдакон ва занону духтарон, амали бисёр нангин мебошад. Таърихи миллати соҳибтамаддуни мо ягон вақт ҳодисаи аз ҷониби ҷавонмардони худ ба хориҷа бурда, фурӯхтани зани тоҷикро ёд надорад. Куҷо шуд нангу номуси миллӣ, ватандорӣ ва виҷдону имони мусулмонии мардону ҷавонони мо?!"

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон афзуд: "Шахсоне, ки барои қонеъ сохтани нафси бади худ занону духтарони мардумро бо роҳи фиреб ба хориҷа бурда мефурӯшанд, тасаввур намекунанд, ки агар касони дигар бо духтарони онҳо ҳамин амали нангинро раво бинанд, ҳолашон чӣ мешавад."

Президент Раҳмон ба Додситонии кул, вазоратҳои хориҷаю дохилӣ, Кумитеи амнияти миллӣ, кумитеҳои дин ва умури занони Тоҷикистон дастур дод, ки муборизаро алайҳи ин "зуҳуроти нангин ва барои миллати мо бегона" тақвият кунанд.

Задухӯрдҳо миёни навҷавонон

Эмомалӣ Раҳмон ба ҳаводиси задухӯрд миёни шогирдони мадориси шаҳри Душанбе низ ишора кард, ки дар соли ҷорӣ афзоиш ёфта ва дар бархе маворид авоқиби фоҷиъаборе доштааст.

Гуфта мешавад, ахиран дар миёни навҷавонон ҷароими қатл, авбошӣ, дуздӣ, ғоратгарӣ, қочоқи маводди мухаддир ва нақзи қавоъиди ҳаракати васоили нақлия афзоиши бештаре доштааст.

Аз ҷумла, мизони ҷароим миёни ноболиғон низ афзоиши чашмгире дошта ва дар соли гузашта ноболиғон муртакиби 725 ҷиноят шудаанд, ки ин рақам дар муқоиса бо нишондоди соли 2010 сию се дарсад бештар аст.

Оқои Раҳмон гуфт: "Боъиси нигаронист, ки солҳои охир ноболиғон бештар ба авбошӣ даст мезананд. Ин навъи ҷиноят дар аксари ҳолатҳо дар заминаи муноқишаҳои байнимактабии наврасону ҷавонон, ки дар баъзе мавридҳо бо фоҷиъа анҷом меёбанд, хусусан дар пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе бештар ба назар мерасад."

Мутаассифона, бемасъулиятии баъзе падару модарон ба ҳадде расидааст, ки ба фарзандони ноболиғашон имконияти идора кардани воситаҳои нақлиётро дода, ҳаёти худи онҳо ва дигаронро зери хатар мемонанд.

Зимнан, дар моҳи майи соли ҷорӣ дар пайи муноқиша ва задухӯрд миёни ду гурӯҳ аз донишомӯзони макотиби шумораҳои 66 ва 54-и шаҳри Душанбе як донишомӯзи мактаби 66 ба зарби чоқу кушта шуд.

Дар авохири ин моҳ Шамсиддин Зарифови 17-сола, донишомӯзи як мактаби ҳамагонӣ дар хиёбони Алишер Навойии шаҳри Душанбе низ ба зарби чоқу шадидан захмӣ шуда ва дар бемористон ҷон бохта буд.

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон афзоиши ин ҳаводисро ба "коҳиши сатҳи таълиму тарбият, асароти манфии васоили электрунию телевизиюн, маводди чопии дорои тасовири хушунат, аз таҳсил дар канор мондани иддае аз навҷавонон ва бемасъулиятии падару модарон дар тарбияти фарзандон" марбут хонд.

Матолиби муртабит