Барқияи шодбоши Раҳмон ба раиси нави Кумисиюни Урупоӣ

  • 16 Июл, 2014

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ирсоли барқияе ба Жон-Клуд Юнкер, раиси нави Кумисиюни Урупоӣ, ӯро ба муносибати интихобаш ба ин симат табрик гуфтааст.

Он гуна, ки торнамои риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода, оқои Раҳмон дар бораи сатҳи ҳамкориҳо бо Иттиҳодияи Урупо ибрози ризоят карда ва гуфта, ки кишвараш ба густариши бештари равобит алоқаманд аст.

Оқои Раҳмон нивишта: "Табиъист, ки мо ба ояндаи неки равобити ҳасана бо Иттиҳоди Урупо итминон дорем ва барои рушду густариши онҳо пайваста саъю талош хоҳем кард. Изҳори умедворӣ менамоям, ки дар замони раҳбарии Шумо ба ин ниҳоди бонуфуз ҳамкорӣ ва шарикии гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Уупо сатҳи сифатан навро касб намуда, ба пояҳои баландтар хоҳад расид."

Дар ин барқия оқои Раҳмон се бор аз иборати "Ҷаноби Олӣ" хитоб ба оқои Юнкер истифода кардааст - иборате, ки бисёре аз мансабдорон ва мардуми одӣ дар Тоҷикистон дар мавриди худи ӯ ба кор мебаранд.

Ин иборат маъмулан ба шахси дувум ва хитоб ба афроди бонуфуз ва воломақом гуфта мешавад, вале маъмулан дар Тоҷикистон мансабдорон дар ғиёби оқои Раҳмон низ (ба шахси севум) аз ӯ ба унвони "Ҷаноби олӣ" ёд мекунанд, ки аз назари забоншиносон иштибоҳ маҳсуб мешавад.