Баррасии вазъияти Укройн ва Афғонистон дар иҷлоси Гурӯҳи Шонгҳой
Image copyrightBBC World ServiceСубҳи имрӯз дар Кохи Наврӯзи шаҳри Душанбе ҳамоиши сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шонгҳой (СҲШ) пушти дарҳои баста оғоз шуд.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни оғоз бахшидан ба иҷлос гуфт, ки дар он масъалаи тавсеъаи созмон ва имкони васеътар шудани он баррасӣ хоҳад шуд. Вай ҳамчунин гуфт, ки Риёсати Созмони Ҳамкории Шонгҳой аз Тоҷикистон ба Русия таҳвил дода хоҳад шуд.
Дар суханронии ифтитоҳияи худ оқои Раҳмон аз вазъи амниятӣ дар Ховари Миёна, фаъъолияти Доъиш ва асари эҳтимолии ин гурӯҳ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ибрози нигаронӣ кард. Вай ҳамзамон таъкид кард, ки Доъиш ба ислом рабте надорад. Бо ишора ба буҳрони Укройн вай гуфт, ки "сулҳ бо талошҳои прездентҳои Укройн ва Русия ба даст омад ва бояд ин сулҳ ҳифз шавад."
Оқои Раҳмон пешниҳод кард, ки соли оянда барои муборизаи муштарак алайҳи маводди мухаддир ниҳоди вижае таъсис шавад ва дар Душанбе кунферонси минтақаии Гурӯҳи Шонгҳой дар заминаи мубориза бо маводди мухаддир баргузор шавад.
Оқои Раҳмон ҳамчунин ба зарурати ташкили минтақаҳои рушди иқтисодӣ дар қаламрави кишварҳои узви Гурӯҳи Шонгҳой ва таъсиси сандуқ ва бонки ин созмон таъкид кард.
Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, гуфт, ки хуруҷи нерӯҳои Ноту аз Афғонистон дар авохири соли ҷорӣ ба бурузи нооромӣ дар ин кишвар, фаъъол шудани гурӯҳҳои теруристию ифротгаро ва афзоиши қочоқи маводди мухаддир аз ин кишвар ба минтақа мунҷар хоҳад шуд.
Оқои Путин афзуд: "Русия ба ҳалли сареъи буҳрони сиёсӣ дар Афғонистон, ки дар пайи интихоботи риёсати ҷумҳурӣ пеш омада, алоқаманд аст. Ба раванди таҳвили сохторҳои амниятию низомӣ аз нерӯҳои хориҷӣ ба афғонҳо назорат мекунем. Бовар дорем, ки нерӯҳои афғон метавонанд ин масъулияти бузургро ба уҳда гиранд."
Буҳрони Укройн
Руасои ҷумҳурии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шонгҳой аз имзои санади оташбас миёни нерӯҳои Укройн ва ҷудоиталабони вилоёти Луҳонску Дунбоси ин кишвар истиқбол карданд.
Дар ҳоле ки Влодимир Путин дар ин бора ибрози назаре накард, Иcлом Каримов, раиси ҷумҳурии Узбакистон хостори музокироти мустақими Русия ва Укройн шуд. Вай гуфт, ки дар сурати ҳосил шудани тавофуқ миёни ин ду кишвар сулҳу субот дар Укройн барқарор хоҳад шуд.
Оқои Каримов гуфт дар масъалаи Укройн гуфт, аз тафовуқи сулҳи Минск пуштибонӣ мекунад: "Дар ҳама гуна музокирот дар қиболи бӯҳрони Укройн манофеъи таърихии Русия дар ин минтақа ба назар гирифта шавад. Мардуми русу укройнӣ бародар ҳастанд ва онҳо бояд дар фазои сулҳу сабот ба сар баранд."
Раиси ҷумҳурии Узбакистон зимни суханронӣ дар ин иҷлос ҳамчунин гуфт, ки хурӯҷи нерӯҳои Ноту аз Афғонистон ба бурузи нооромӣ дар ин кишвар, фаъъол шудани гурӯҳҳои теруристию ифротгаро ва афзоиши қочоқи маводди мухаддир аз ин кишвар ба минтақа мунҷар хоҳад шуд.
Вай афзуд: "Халаъи феълӣ дар Афғонистон хатарнок аст. Мумкин аст, ин халаъро гурӯҳҳои теруристӣ пур кунанд."
Интизор меравад, дар нишасти Душанбе санаде дар бораи шароити ҳуқуқӣ, молӣ ва идорӣ барои пазируфтани аъзои ҷадид ба ин созмон баррасӣ ва тасвиб шавад.
Сойти риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бора менивисад: "Санадҳое, ки дар ин ҳамоиш мувофиқа шуда, ба имзо мерасанд, аз ҷумла қарорҳо дар бораи уҳдадориҳои давлати довталаб ба узвияти созмон ва тартиби додани мақоми давлати узв, барои қабули аъзои нав ба Созмони ҳамкории Шанхай роҳ мекушоянд. Ҳамин тариқ ҳамоиши душанбегии ин созмони дорои нуфузи ҷаҳонӣ барои ин кор роҳкушо хоҳад буд."
"Нақшофаринии" Эрон барои Гурӯҳи Шонгҳой
Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, кишвари нозир ва яке аз кишварҳои довталаб барои касби узвияти ин созмон дар ин иҷлос суханронӣ кард.
Ӯ барои эҷоди субот дар минтақа ба зарурати тавсеъаи иқтисодӣ, иҷтимоъӣ ва сиёсии минтақа дар канори тавсеъаи ниҳодҳои иттилоъотӣ ва амниятӣ таъкид кард.
Ӯ бо ишора ба таҷрубаи тӯлонии кишвараш дар баробари таҳримҳои байналмилалӣ дар ин замина гуфт: “Ғарб аз таҳримҳо ба унвони силоҳи мухарриб суистифода мебарад. Ва ин абзор метавонад алайҳи аъзои Созмони Ҳамкории Шонгҳой низ ба кор гирифта шавад. Барои муқобила бо ин таҳдид бояд равобити иқтисодӣ ва танзими сиёсатҳои иқтисодии бидуни Ғарб сомон ёбад.”
Оқои Рӯҳонӣ бо ишора ба ин ки кишвараш ҷузве аз тарҳҳои умдаи фароминтақаӣ дар қаламрави кишварҳои гурӯҳи Шонгҳой аст гуфт, ки “Ҳузури нақшофарини Эрон дар минтақа омили тавсеъаи созмон хоҳад буд.
Дар сурати тасвиби ин санад мумкин аст дар ҳамоиши соли ояндаи Созмони Ҳамкории Шонгҳой Ҳинд ва Покистон, ки барои узвият ба СҲШ дархост додаанд, ба ин созмон бипайванданд.
Қаблан эълом шуда буд, ки дар ин ҳамоиш масоили мухталифи сиёсӣ, иқтисодӣ, амнияти минтақа, тарҳи Истротежии тавсеъа ва инбисоти СҲШ то соли 2025 ва вазъи Укройну Афғонистон матраҳ мешавад.
Дар нишасти имрӯзи сарони кишварҳои узви СҲШ 10 раиси ҷумҳурӣ, ду вазири хориҷа ва ҳафт раҳбари созмонҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ ширкат доранд.
Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳурии Туркманистон, ба унвони меҳмони ифтихории нишасти сарони кишварҳои узви Гурӯҳи Шонгҳой вориди Душанбе шудааст.
Пештар эълом шуд, ки дар фарҷоми нишаст 10 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла, Эъломияи Душанбе ва санади омодагӣ ба таҷлил аз 70-умин солгарди Пирӯзӣ бар фошисм дар Ҷанги Ҷаҳонии Дувум имзо хоҳанд шуд.
Созмони Ҳамкории Шонгҳой дар соли 2001 аз ҷониби Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон таъсис шуд. Афғонистон, Эрон, Ҳинд, Покистон ва Муғулистон аз кишварҳои нозир дар ин созмон маҳсуб мешаванд. Туркия, Белорус ва Сри-Лонко мақоми шарики муколимотро доранд.
