Оғози ҷаласаи дабирони шӯрои амнияти Гурӯҳи Шонгҳой дар Душанбе
Image copyrightBBC World ServiceДар бӯстонсарои ҳукумати Тоҷикистон субҳи рӯзи панҷшанбеи 17-уми апрел ҷаласаи дабирони шӯрои амнияти кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) оғоз шуд.
Қарор аст дар ин ҷаласа масоили амнияти минтақа, тақвияти муборизаи муштарак бо терурисм, ҷудоиталабӣ, ҷароими фаромиллӣ ва ҷилавгирӣ аз қочоқи маводди мухаддир баррасӣ шавад.
Эълом шуд, ки дабирони шӯрои амнияти кишварҳои узви СҲШ ҳамчунин масоили марбут ба вазъи Афғонистон баъд аз хуруҷи нерӯҳои ғарбӣ аз ин кишвар дар соли ҷориро низ матраҳ мекунанд.
Дастури кори ҷаласаи нуҳуми дабирони шӯрои амнияти кишварҳои узви СҲШ қаблан аз сӯи коршиносони ин созмон дар Душанбе матраҳ шуда буд.
Дар нишасти хабарие, ки баъд аз анҷоми кори ин ҷаласа баргузор шуд, эълом карда шуд, ки ширкаткунандагон куллия масоили дастури кори ин нишастаро баррасӣ карданд. Таъкид шудааст, ки бурузи ноамниҳо дар кишварҳои ҳамҷавори СҲШ ба вазъи амниятии минтақаи ин созмон асароти номатлубе мегузорад.
Дар робита ба ҳаводиси Сурия дабирони Шӯрои амнияти кишварҳои узви СҲШ таъкид кардаанд, ки ба ҳалли қазияи ин кишвар бо истифода аз нерӯҳои дохили Сурия алоқаманд ҳастанд.
Ширкаткунандагони ҷаласаи имрӯз ҳамчунин вазъ дар Афғонистон бавижа таҳдидҳои эҳтимолӣ баъд аз хуруҷи нерӯҳои ғарбӣ аз ин кишвар то поёни соли ҷориро баррасӣ кардаанд. Дар мавриди ин кишвар низ таъкид шудааст, ки кишварҳои узви СҲШ ба талошҳои давлати Афғонистон барои истиқрори сулҳу суббот дар ин кишвар арҷ мегузоранд.
Ҳамзамон аз тақвияти нақши калидии Созмони Миллали Муттаҳид дар ҳалли бӯҳрони Афғонистон ёдовар шуда ширкаткунандагон таъкид кардаанд, ки Афғонистон бояд ба раҳбарии худи афғонҳо аз ин қазия берун ояд.
Ҳарчанд расман эълом нашуда, вале манобеъи огоҳ ҳадс мезаданд, ки дар ин ҷаласа буҳрони Укройн ҳам мавриди баррасии дабирони шӯрои амнияти кишварҳои узв қарор хоҳад гирифт.
Дмитрий Мезентсев, дабири кулли СҲШ ба хабарнигорон эълом кард, ки мавзӯъи бӯҳрони Укройн дар кори ҷаласаи имрӯз аслан матраҳ нашудааст.
Дар ҷаласаи имрӯз дабирони шӯрои амнияти Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, вазири амнияти умумии Чин, муъовини дабири шӯрои амнияти Узбакистон, дабири кулли СҲШ ва мудири кумитеи иҷроияи ин созмон ширкат мекунанд.
Қабл аз оғози кори ҷаласаи имрӯз ширкаткунандагони он бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дидор ва гуфтугӯ доштанд.
Оқои Раҳмон таъкид кардааст, ки бо дарназардошти таҳавуллоти ахир дар ҷаҳон таҳия ва иҷрои "Истротежии рушди СҲШ то соли 2025" зарур аст. Дар ин дидор ҳамчунин зарурати тақвияти ҳифозати марзи Тоҷикистон бо Афғонистон низ матраҳ будааст.
