Эмомалӣ Раҳмон: 'Бояд маншури СҲШ риъоят шавад'

  • 13 Сентябр, 2013
Раҳмон
Image caption Президент Раҳмон хостори риояти Маншури Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой шудааст

Эмомалӣ Раҳмон хостори риъояти Хартияи Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) дар бораи истифодаи муассир аз зербаноҳои нақлиётию иртибототӣ ва имконоти тронзитии кишварҳои узви ин созмон шуд.

Тибқи иттилоъи дафтари матбуъоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи ҷумъаи 13 сентябр, оқои Раҳмон зимни суханронӣ дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ дар шаҳри Бишкек дар ин замина ибрози назар кардааст.

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин замина аз ҳеч кишваре ном набурда, аммо ба эҳтимоли қавӣ манзураш Ӯзбакистон будааст, ки аз аъзои СҲШ буда, дар роҳи тронзити колоҳо ба Тоҷикистонро тавассути қаламраваш мавонеъ эҷод кардааст.

'Кумаки моддию маънавӣ ба Афғонситон'

Оқои Раҳмон дурнамои вазъи Афғонистон пас аз соли 2014-ро низ ба баррасӣ кашида ва хостори “кумаки моддию маънавӣ” ба ин кишвар шудааст.

Субҳи 13 сентябр дар Бишкеки Қирғизистон ҳамоиши 13-уми сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой бо ҷаласаи сарони Русия, Қазоқистон, Чин, Ӯзбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон оғоз ба кор кард. Руасои ҷумҳурии Эрон, Покистон, Афғонистон, Ҳинд ва Муғулистон дар ин ҳамоиш ба унвони нозир ширкат доранд.

Сапар Исҳоқов, муъовини раиси дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Қирғизистон ба хабарнигорон гуфтааст, мавзӯъи амнияти минтақавӣ "мавзӯъи шумораи як" дар ҳамоиши сарони СҲШ маҳсуб шуда ва сарони кишварҳои нозир дар мавриди мушкилоти жеопулутик табодули назар хоҳанд кард.

Image caption Дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ Ҳасани Рӯҳонӣ бо Шӣ Ҷин Пинг, ҳамтои чинии худ дидор кард

Эълом шуда, ки масъалаи хуруҷи нерӯҳои НОТУ аз Афғонистон дар соли 2014 аз мавзӯъҳои мавриди баҳси сарон дар нишасти Бишкек хоҳад буд.

Дидорҳои дуҷониба

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ бо Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон дидор карда ва гуфтааст, таъсиси Шӯрои муштараки ҳамоҳангсози сохторҳои амниятӣ ва марзии Тоҷикистон ва Афғонистон дар муборизаи муштарак “алайҳи террористон, ифротгароён, қочоқбарон ва гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ” мусоъидат хоҳад кард.

Ҳамчунин, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар шаҳри Бишкек бо Ҳасани Рӯҳонӣ, ҳамтои эронии худ дидор ва масоили марбут ба тавсеъаи “ҳамкориҳои бисёрсоҳаи Тоҷикистону Эрон”-ро баррасӣ кардааст.

Дар ин дидор ба афзоиши мизони сармояи Эрон дар иқтисоди Тоҷикистон ишора шуда, тарҳҳои бунёди нерӯгоҳи Сангтӯда-2, корхонаҳои муштарак, бунёди роҳи оҳани Эрон-Афғонистон-Тоҷикистон-Қирғизистон-Чин ва тарҳҳои эҳдоси хутути интиқоли нерӯи барқ ва лӯлаҳои обу нафт миёни Тоҷикистон ва Эрон матраҳ гардид.

Эмомалӣ Раҳмон ба ҳангоми дидор бо Шӣ Ҷин Пинг, раиси ҷумҳурии Чин, аз тасмими ин кишвар дар робита ба бунёди лӯлаи гоз аз Туркманистон ба Чин тавассути хоки Тоҷикистон ибрози қаноъатмандӣ кардааст. Дар поёни ин дидор дар мавриди истифодаи ҳудуди Тоҷикистон барои кашидани лӯлаи гоз ба Чин миёни ин ду кишвар мувофиқатнома имзо шуд.

Тибқи иттилоъи расмии Чин, хатти лӯлаи гоз аз тариқи Тоҷикстон 400 килуметр буда ва дар назар аст, то авохири соли 2016 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад ва тавассути ин лӯла ба Чин ҳамасола ба миқдори то 30 милёрд метри мукааб гоз мунтақил шавад.

Ҷонибҳо гуфтаанд, ки дар ҷараёни иҷрои ин тарҳ ба иқтисоди Тоҷикистон ба миқдори 3 милёрд дулор сармояи мустақими Чин ҷалб шуда ва садҳо тан аз атбоъи тоҷик дар муассисаи муштараки Тоҷикистону Чин дар заминаи хидматрасонии ин лӯла бо кор таъмин хоҳанд шуд.

Оқои Раҳмон ҳамчунин бо Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон мулоқоте анҷом дод.

Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ё “Шашгонаи бузург” дар соли 2001 таъсис шуда ва ба он Русия, Чин, Қазоқистон, Ӯзбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон шомил ҳастанд.

Эрон, Покистон, Ҳинд, Афғонистон ва Муғулистон кишварони нозир дар ин созмон маҳсуб шуда ва Белорусу Шри-Лонко мақоми шарики музокиротро доранд.

Матолиби муртабит