Дидори вузарои дифоъи Гурӯҳи Шонгҳой дар Хуҷанд

  • 1 Апрел, 2014
Парчамҳои кишварҳои узви СҲШImage copyrightBBC World Service
Image caption Русия ва Чин, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбакистон узви СҲШ ҳастанд

Дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғди Тоҷикистон, мулоқоти вузарои дифоъи кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шонгҳой оғоз шудааст.

Бар асоси иттилоъи манобеъи расмӣ, дар ин мулоқот, ки субҳи рӯзи сешанбеи 1 апрел шурӯъ шуд, вузарои дифоъи кишварҳо дурнамои ҳамкориҳои низомӣ ва фанниро баррасӣ мекунанд.

Хабаргузории расмии “Ховар” навишта, ки дар ин нишаст низомиёни кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шонгҳой ҳамчунин масоили марбут ба тарбияти кодрҳои низомӣ ва таъмини амнияти минтақаро матраҳ хоҳанд кард.

Барои ширкат дар ин ҳамоиш Русия, Чин, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон вузарои дифоъи худро фирситодаанд ва Баҳодур Тошматов, муъовини вазири дифоъи Узбакистон, ба намояндагӣ аз он кишвар дар мулоқот ширкат дорад.

Ҳамчунин, дар ин мулоқот Шералӣ Мирзо, Сергей Шойгу, Чонг Вонкувон, Адилбек Ҷаксибеков ва Талайбек Омуралиев, вузарои дифоъ, бо ҳайъатҳои низомии кишварҳояшон ширкат доранд.

Ҳарчанд иттилоъи бештар дар мавриди масоили матруҳа дар ин мулоқот пахш нашуда, аммо интизор меравад дар ин ҳамоиш масъалаи буҳрони Укройн ва Криме низ баррасӣ шавад.

Дар ҳошияи ин нишаст, Сергей Шойгу, вазири дифоъи Русия, дар шаҳри Хуҷанд бо Шералӣ Мирзо, вазири дифоъи Тоҷикистон, мулоқоте анҷом дода ва дар он ба нақши Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар ҳалли масоили мухталиф, аз ҷумла низомӣ дар минтақа ва манотиқи Шарқи Уруосиё таъкид кардааст.

Оқои Шойгу дар дидор бо оқои Мирзо гуфта, ки мулоқот дар чорчӯби Созмони Ҳамкории Шонгҳой ба тавсеъаи ҳамкориҳои низомӣ ва низомию фаннии Маскав ва Душанбе кумак мекунад.

Вай гуфта, ки эътибори Созмони Ҳамкории Шонгҳой дар ҳоли афзоиш аст ва он ба яке аз созмонҳои муҳим на танҳо дар Осиёи Марказӣ, балки дар саросари қорраи Осиё табдил мешавад. Ин созмон имрӯз бояд ба масоили марбут ба 15 то 20 соли оянда расидагӣ кунад.

Бархе аз коршиносон бо таваҷҷуҳ ба нуфузи Чин ва Русия дар Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой мегӯянд, ки ин созмон ба унвони қутби мухолифе дар баробари НОТУ ташкил шудааст. Аммо иддае дигар мегӯянд, ки фаъъолияти ин созмон дар таъмини сабот ва рушди иқтисодии минтақа муассиртар аст.

Созмони Ҳамкории Шонгҳой соли 2001 аз сӯйи Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ба манзури таъмини амният ва ҳалли масоили иқтисодӣ миёни ин кишварҳо таъсис шуд.

Матолиби муртабит