Таърихи ҷаласаи сарони СҲШ мушаххас шуд
Image copyrightBBC World ServiceБар асоси пешниҳоди Тоҷикистон ҷаласаи сарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) рӯзҳои 11 ва 12 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.
Парвиз Додов, ҳамоҳангсози миллии Тоҷикистон дар Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой, рӯзи душанбеи 3 март, дар нишасте дар Вазорати хориҷаи ин кишвар гуфт, дар ин замина миёни сарони кишварҳои узви СҲШ тавофуқ ҳосил шудааст.
Ба манзури омодагӣ ба ин ҳамоиш давлати Тоҷикистон аз ҷумлаи масъулони ниҳодҳои зирабти ин кишвар Кумитаи тадорукотӣ созмон дода ва ҳамакунун омодагиҳо барои баргузории ин ҳамоиши бонуфуз шурӯъ шудааст.
Ҳамчунин, ба гуфтаи оқои Додов, дар назар аст, рӯзи 3 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои вузарои дифоъи кишварҳои узви СҲШ баргузор шавад.
Ӯ гуфт, ба таваҷҷӯҳ ба он ки Тоҷикистон раёсати ин созмонро ба муддати як сол (аз сентябри соли гузашта то сентябри соли ҷорӣ) ба ӯҳда дорад, бо масъулони кишварҳои узви СҲШ санаи баргузории ҷаласаи вузарои хориҷа, умури дохила ва руасои ниҳодҳои мубориза бо маводди мухаддирро ҳамоҳанг хоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол, Абулфайз Атоев, сухангӯйи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, гуфт, давраи раёсати ин кишвар дар Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой таҳти шиъори “Ҳамкорӣ, Ҳамрушдӣ ва Ҳамшукуфоӣ” сурат гирифта ва дар чорчӯби ин созмон дар масоили низомӣ, ҳавонавардӣ ва фарҳангӣ нишастҳо баргузор шудааст.
Ба гуфтаи оқои Атоев, дар авохири моҳи гузашта машварати вазоратҳои хориҷаи кишварҳои узви СҲШ дар мавзӯъи “Вазъият ва дурнамои рушди минбаъдаи робитаҳои СҲШ бо созмонҳо ва ниҳодҳои байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла, созмонҳои шарик” анҷом шудааст.
Зимнан, дар ҳамоиши Вазорати хориҷаи Тоҷикистон хабари роҳандозӣ шудани сойти Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой пахш шуд, ки дар ин сойт куллияи аснод ва иттилоот дар мавриди Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой аз замони таъсиси ин созмон дар соли 2001 то давраи феълӣ дастрас хоҳад буд.
Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой аз ҷониби Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбакистон ва Тоҷикистон таъсис таъсис шуда ва Муғулистон, Покистон, Ҳинд, Эрон ва Афғонистон аз кишваҳои нозири ин созмон маҳсуб мешаванд.
