Нишасти нахуствазирони Гурӯҳи Шонгҳой дар Тошканд

  • 29 Ноябр, 2013
СҲШ
Image caption Дар шаҳри Тошканд нишасти нахуствазирони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой баргузор шуд

Дар пойтахти Узбакистон ҷаласаи 10-уми Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) баргузор шуд.

Дар ин нишаст, ки рӯзи ҷумъаи 29 ноябр дар шаҳри Тошканд анҷом шуд, 8 масъалаи марбут ба тавсеъаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷорӣ, энержӣ, роҳу таробарӣ ва молӣ баррасӣ шуд.

Ҳамчунин, ширкаткунандагони ҳамоиш вазъи амниятӣ дар Сурия ва бозсозии иқтисодии Афғонистонро низ матраҳ кардаанд.

Бино ба иттилоъи хабаргузории “РИА Новости”-и Русия, Шавкат Мирзиёев, нахуствазири Узбакистон, ба ҳангоми ифтитоҳи ҷаласа Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистонро, барои таъйин шудан ба ин мақоми баландпоя табрик гуфтааст.

Зимнан, Қоҳир Расулзода, раиси пешини вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистон, ки рӯзи 23 ноябр нахуствазири ин кишвар таъйин шуд, барои аввалин бор дар ҷаласаи сатҳи олии Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ширкат дорад.

Тибқи гузоришҳои расида аз шаҳри Тошканд, аз ҷумла таваҷҷуҳи нахуствазирон ба эҷоди меконизми сармоягузорӣ дар тарҳҳо дар чорчӯби Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой тавассути Сандуқи тавсеъа ва Бонки тавсеъаи СҲШ мутамаркиз гардидааст.

Ба ҳангоми баррасии мавзӯъи таъсиси Бонки тавсеъаи СҲШ, ки дар соли 2011 миёни сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар ин замина тавофуқи усулӣ ҳосил шуда буд, дар атрофи мавзӯъи саҳми кишварҳои узв дар сармояи аввалияи ин бонк мубоҳисоте сурат гирифтааст.

Дмитрий Мезентсев, дабири кулли СҲШ, дар ҷамъи хабарнигорон гуфтааст, ки дар ҳамоиши нахуствазирони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ҷаласаи Шӯрои муъомилотӣ ва Иттиҳодияи бонкии СҲШ низ баргузор шуда, дар он натиҷаи фаъъолияти ин ниҳодҳо арзёбӣ ва вазоифи оянда баррасӣ шудаанд.

Дар фарҷоми нишаст нахуствазирони кишварҳои узви СҲШ Баёнияи муштарак ва чанд санади молиро имзо кардаанд.

Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ё “Шашгонаи бузург” дар соли 2001 таъсис шуда ва Русия, Чин, Қазоқистон, Узбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон аъзои он ҳастанд.

Эрон, Покистон, Ҳинд, Афғонистон ва Муғулистон кишварҳои нозир дар ин созмон маҳсуб шуда ва Белорусу Сри-Лонко мақоми шарики музокиротро доранд.

Дар канори масоили иқтисодӣ мавзӯъоти марбут ба муборизаи муштарак алайҳи терурисм, ифротгароӣ, ҷудоихоҳӣ ва маводди мухаддир дар меҳвари музокироти сарони кишварҳои узви СҲШ қарор доштааст.

Матолиби муртабит