Имзои санад дар бораи кумаки низомии Қазоқистон ба Тоҷикистон

  • 16 Апрел, 2013

Қазоқистон ба нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон кумаки билоивази низомию фаннӣ ироъа хоҳад кард.

Дар ҷараёни дидори расмии Одилбек Ҷаксикбеков, вазири дифоъи Қазоқистон аз Тоҷикистон миёни вазоратҳои дифоъи ду кишвар дар ин замина мувофиқатнома имзо шуд.

Ба гуфтаи Фариддун Маҳмадалиев, сухангӯйи Вазорати дифоъи Тоҷикистон ин санади ҳуқуқӣ заминаро барои ироаи кумакҳои низомӣ ва фаннӣ фароҳам мекунад, вале ин кумакҳо кай ва ба кадом миқдор ироъа хоҳад шуд ҳанӯз маълум набудааст.

Ин мавзӯъ зимни мулоқоти Одилбек Ҷаксикбеков бо Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъи Тоҷикистон баррасӣ шуда ва ҷонибҳо ҳамчунин роҳҳои тавсеъаи ҳамкориҳои дуҷонибаи низомӣ ва низомию фаннӣ ва омӯзиши кодрҳои низомиро баррасӣ кардаанд.

Оқои Маҳмадалиев гуфт, ширкати фаъоли нерӯҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар тамриноти низомии Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ва Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой аз нишонаҳои ҳамкориҳои танготанги низомии ин ду кишвар унвон шуд.

Ҳамчунин, Одилбек Ҷаксикбеков, вазири дифоъи Қазоқистон, рӯзи гузашта бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дидор кардааст.

Бино ба иттилоъи дафтари матбуъоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин дидор масоили марбут ба вазъи амниятӣ дар минтақа, авзоъи кунунӣ ва ояндаи Афғонистон ва тавсеъаи ҳамкориҳои низомию фаннии Тоҷикистону Қазоқистон баррасӣ шудааст.