Ҷаласаи Шӯрои кории Гурӯҳи Шонгҳой дар Душанбе
Рӯзи чоршанбе, 10-уми сентябр дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои кории намояндагони кишварҳои Гурӯҳи Шонгҳой баргузор шуд.
Дар ин ҷаласа Шариф Саид, намояндаи Тоҷикистон раёсати ҳайъати мудираи ин шӯроро ба Сергей Катирин, намояндаи Русия таслим кард.
Дар ҷараёни кори ин шӯро бо ширкати намояндагони давраҳои тиҷоратии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар робита ба зарфиятҳои иқтисоди кишварҳои узв табдили назар карданд.
Дар кори ин шӯро ҳамчунин тарҳҳои бархе аз намояндагони маҳофили тиҷории кишварҳои узв, аз ҷумла Чин муъаррифӣ шуданд.
Пас аз зуҳри чоршанбе Шӯрои кории СҲШ дар кори ҳамоиши туҷҷори кишварҳои узви ин созмон ширкат кард. Ҳамоиши сарони кишварҳои Гурӯҳи Шонгҳой фардо, 12-уми сентябр дар шаҳри Душанбе сурат мегирад.
Созмони Ҳамкории Шонгҳой соли 2001 аз сӯйи Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ба манзури таъмини амният ва ҳалли масоили иқтисодӣ миёни ин кишварҳо таъсис шуд. Ҳоло кишварҳои Эрон, Ҳинд, Покистон ва Муғулистон ва Афғонистон аз мақоми нозир дар ин созмон бархурдор ҳастанд.
