Гурӯҳи Шонгҳой хостори 'барқарории сареъи сулҳ' дар Укройн шуд

  • 12 Сентябр, 2014
 Гурӯҳи ШонгҳойImage copyrightAFP

Раҳбарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шонгҳой бо тасвиби эъломияе дар иҷлоси Душанбе хостори ҳалли мусолиматомези буҳронҳо дар Афғонистон, Ховари Миёна ва Укройн шудаанд.

Дар ин санад, ки аз 19 банд иборат аст, ҳамчунин аз гуфтугӯҳои "созандаи" ҳастаии Эрон ва Гурӯҳи "Панҷ ба иловаи як" ба манзури дастёбӣ ба як тавофуқи ҷомеъ барои рафъи ихтилофот дар ин замина ҳимоят шудааст.

Мавзӯъи вазъияти Афғонистон дар иҷлоси Гурӯҳи Шонгҳой дар Душанбе аз мавзӯъоти меҳварӣ буда ва руасои ҷумҳурии бархе аз кишварҳо, монанди Русия ва Узбакистон, зимни ибрози нигаронӣ аз вазъияти ин кишвар пас аз хурӯҷи нерӯҳои Ноту хостори барқарории сабот дар он кишвар шудаанд.

Дар эъломияи Душанбе омадааст: "Кишварҳои узв бо таъкид ба истиқлол, ҳокимияти миллӣ ва тамомияти арзии Афғонистон, ҳимояти худро аз талошҳои мардуми Афғонистон барои барқарорӣ ва таҳкими сулҳ ва бозсозии кишварашон бо раҳбарии худи афғонҳо иброз медоранд."

Раҳбарони ин кишварҳо ҳамчунин таъкид кардаанд, ки аз тақвияти нақши Созмони Милали Муттаҳид дар ҳамоҳангсозии талошҳои байналмилалӣ барои ҳалли масоили Афғонистон ҳимоят мекунанд.

Дар эъломия омадааст: "Кишварҳои узв бори дигар таъкид мекунанд, ки аз табдил шудани Афғонистон ба як кишвари мустақил, ором, бетараф ва пешрафта ҳимоят мекунанд."

Зимнан, Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон, низ дар ин иҷлос ширкат дошт ва аз кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шонгҳой хостааст, ки дар мубориза бо терурисм ва ифротгароӣ бо ҳам ҳамкорӣ кунанд.

Вай терурисм ва ифротгароиро аз чолишҳои муштараки минтақа хонда ва пешниҳод кардааст, ки "созмони Шонгҳой ва Сорк ҳарду даст ба дасти ҳам дода ва дар баробари терурисм ва ифротгароӣ муштаракан мубориза кунанд."

Буҳрон дар Ховари Миёна

Яке дигар аз масоили матраҳшуда дар Эъломияи Душанбе вазъият дар Ховари Миёна ва Шимоли Офриқост, минтақае, ки оромиш дар он аз замони оғози ошӯбҳои мавсум ба "Баҳори арабӣ" дар охири соли 2010 баҳам задааст.

Ин минтақа, бавижа дар як соли ахир шоҳиди таҳаввулот ва чолишҳои ҷиддии амниятӣ будааст. Ҷанги Исроил ва Ғазза аз як сӯ ва қудрат ёфтани гурӯҳи "Давлати Исломӣ" дар Ироқу Сурия нигарониҳои ҷиддиеро дар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ба вуҷуд овардааст.

Раҳбарони Гурӯҳи Шонгҳой бидуни ном бурдан аз кишваре ҷудогона хостори ҳалли масоили Ховари Миёна ва Шимоли Офриқо "аз роҳи мусолиматомез ва бо муколамаи густарда бо ширкати таарфҳои зидахл ва бар мабнои эҳтироми ҳамдигарӣ" шудаанд.

Онҳо эълом кардаанд, ки аз талошҳои қонунии кишварҳо ва мардумони минтақа барои дастёбӣ ба зиндагии беҳтар, ҳуқуқи густардаи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ бо таваҷҷуҳ ба вижагиҳои торихию тамаддунии ҳар кадоме аз ин кишварҳо пуштибонӣ мекунанд.

Бо ин ҳол, банди вижае аз ин эъломия ба Сурия рабт дорад: "Кишварҳои узв бо ҳимоят аз истиқлол ва тамомияти арзии Сурия, хостори ҳалли буҳрони ин кишвар танҳо аз роҳи сиёсию диплумотик ва идомаи муколима миёни суриҳо ҳастанд, ки 22 январи соли 2014 аз кунферонси "Женев-2" дар Мунтру оғоз шуд ва ҳадафи он иҷрои тафоҳумоти Женев аз 30 июни соли 2012 ва қатъномаҳои дигари Шӯрои Амнияти СММ аст."

Дар зимн, кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шонгҳой аз "анҷоми муваффақи" фароянди нобудсозии таслиҳоти шимиёии Сурия, ки таҳти назари ҷомеъаи байналмилалӣ бамавқеъ поён ёфта, истиқбол кардаанд.

Раҳбарони ин созмон хоҳони эҷоди сабот ва пешрафт дар Сурия ба унвони кишваре шудаанд, ки дар он шаҳрвандон "сарфи назар аз таъаллуқоти мазҳабию қавмӣ" аз ҳуқуқи баробар бархурдоранд.

Ҳарчанд дар суханрониҳои бархе аз руасои ҷумҳур, монанди Эмомалӣ Раҳмон, аз таъсири гурӯҳи "Давлати Исломӣ" дар вазъияти минтақа ибрози нигаронӣ шуд, вале дар эъломияи Душанбе ба ин гурӯҳ ва дар маҷмӯъ ба вазъияти кунунии Ироқ, ишорае нашудааст.

Аммо раҳбарони ин кишварҳо аз гуфтугӯҳои ҳастаии Эрон ва Ғарб ҳимоят кардаанд. Дар банди 10-и ин эъломия омадааст: "Кишварҳои узв аз фароянди гуфтугӯҳои созанда миёни Эрон ва Гурӯҳи "Панҷ ба иловаи як" ба манзури дастёбӣ ба тавофуқе ҷомеъ дар мавриди рафъи ихтилофот бар сари барномаи ҳастаии Эрон аз роҳҳои сиёсию диплумотик ҳимоят мекунанд."

Ин кишварҳо ҳамчунин аз "нақшаи фаъъолиятҳои муштарак", ки 24 ноябри 2013 миёни вузарои хориҷаи Бритониё, Олмон, Эрон, Чин, Русия, Омрико ва Фаронса тасвиб шуд, истиқбол кардаанд. Раҳбарони Гурӯҳи Шонгҳой ин иқдомро барои эҷоди ҷавви эътимод ва тафоҳум миёни кишварҳои зидахл ва минтақа дар маҷмӯъ бисёр муассир хондаанд.

Ҳимоят аз сулҳ дар Укройн

Иҷлоси Шонгҳой дар Душанбе дар ҳоле баргузор шуд, ки равобити Русия, аз қудратҳои умдаи ин гурӯҳ, тайи моҳҳои ахир ба хотири буҳрон дар Укройн бо Ғарб ба тирагӣ гаройидааст.

Мақомҳои Укройн ва Ғарб Русияро ба "ҳезум андохтан ба оташи" ҷанги дохилӣ дар Укройн аз роҳи кумак ба шибҳинизомиёни шарқи он кишвар муттаҳам мекунанд, вале Русия ин иддиъоҳоро ҳамвора рад кардааст.

Дар эъломияи роҳбарони Гурӯҳи Шонгҳой дар бораи буҳрони Укройн омадааст: "Раҳбарони кишварҳои узв аз барқарории ҳарчи сареъи сулҳ дар Укройн ва идомаи раванди музокирот барои рафъи буҳрони ин кишвар пуштибонӣ мекунанд. Онҳо аз прутукуле, ки 4 сентябри 2014 дар пайи ройзаниҳои Гурӯҳи иртиботи сеҷониба дар мавриди иқдомоти муштарак барои иҷрои нақшаи сулҳи раиси ҷумҳурии Укройн ва ибтикороти раиси ҷумҳурии Русия истиқбол мекунанд."

Ин дар ҳолест, ки ҳамзамон бо баргузории иҷлоси Гурӯҳи Шонгҳой дар Душанбе, рӯзи ҷумъа таҳримҳои тозаи Иттиҳодияи Урупо алайҳи Русия ба маърази иҷро гузошта шудааст. Дар чорчӯби ин таҳримҳо, панҷ бонки давлатии ӣбузурги Русия аз дарёфти вом аз муасисоти молии урупоӣ маҳрум шудаанд.

Ҳамчунин, ширкатҳои русии фаъъол дар бахшҳои нафт ва умури дифоъӣ дар мубодилоти худ бо Иттиҳодияи Урупо дучори маҳдудият шудаанд. Гуфта мешавад, таҳримҳои Иттиҳодияи Урупо барои эъмоли фишор бар Русия эъмол шудааст, то аз "дахолат дар умури Укройн" даст бардорад.

Тасмими аъзои Иттиҳодияи Урупо дар мавриди таҳримҳо алайҳи Русия як ҳафта пеш гирифта шуда буд, вале эъломи оташбас миёни ду тарафи даргир дар Укройн иҷрои онҳо ба таъхир андохта шуд. Гузориш шуда, ки дар сурати тадовуми оташбас мумкин аст ин таҳримҳо тахфиф ё лағв шавад.

Дар иҷлоси раҳбарони Гурӯҳи Шонгҳой дар Душанбе 10 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла, Эъломияи Душанбе ва санади омодагӣ ба таҷлил аз 70-умин солгарди Пирӯзӣ бар фошисм дар Ҷанги Ҷаҳонии Дувум имзо шудааст.

Созмони Ҳамкории Шонгҳой дар соли 2001 аз ҷониби Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон таъсис шуд. Афғонистон, Эрон, Ҳинд, Покистон ва Муғулистон аз кишварҳои нозир дар ин созмон маҳсуб мешаванд. Туркия, Белорус ва Сри-Лонко мақоми шарики муколимотро доранд.

Матолиби муртабит