Дидори руасои ҷумҳури Эрону Афғонистону дар Душанбе
Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон дар дидор бо Ҳасани Рӯҳонӣ, ҳамтои эрониаш охирин таҳаввулоти сиёсӣ ва дохилии Афғонистон пас аз интихоботи ахири раёсати ҷумҳурии ин кишварро ба иттилоъи раиси ҷумҳурии Эрон расонд.
Ҳасани Рӯҳонӣ бо ишора ба аҳамияти субот ва оромиш дар Афғонистон дар сояи ҳамкорӣ ва ҳузури ҳамаи гурӯҳҳои сиёсии ин кишвар таъкид кард, ки “Таҳаққуқи ирода ва хости мардуми Афғонистон муҳимтарин омил дар тавсеъаи ин кишвар аст ва ҷумҳурии исломии Эрон барои ҳар гуна мусоъидате дар ин замина омодааст.”
Дар ин гуфтугӯ иқдомот ва таҳаррукоти кишварҳои мухталифи минтақа ва низ нақши қудратҳои фароминтақаӣ дар заминаи ояндаи Афғонистон мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.
Ҳасани Рӯҳонӣ дар суханроноии худ дар иҷлоси сарони кишварҳои Гурӯҳи Шонгҳой ба мавзӯъи амнияти Афғонистон ва минтақа таваҷҷӯҳи вижа кард ва гуфт:
“Шароити сиёсии имрӯзи Афғонистон муҷиби нигаронии аъзои созмон аст ва мо умедворем бо таваҷҷӯҳ ба аҳамияти ин кишвар ва зимни кумак ва ҳимояти ҳамаи аъзои созмон аз субот ва амнияти он, мардум ва гурӯҳҳои сиёсии Афғонистон бо дурандешӣ ва дироят аз ин шароит дар ҷиҳати таъмини манофеъи мардуми худ убур намояд.”
Дар ҳамин ҳол Ҳомид Карзай низ дар суханрониаш дар иҷлоси сарони кишварҳои Гурӯҳи Шонгҳой дар шаҳри Душанбе аз кишварҳои узви ин созмон хост ки барои мубориза бо террурисм ва ифротгароӣ бо ҳамдигар ҳамкорӣ кунанд.
Оқои Рӯҳонӣ низ бо ишора ба густариши ифротгароӣ дар минтақа гуфт: “Бетардид барои эҷоди субот ва амният дар минтақа, тавсеъаи иқтисодӣ, иҷтимоъӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ дар канори иқдомоти иттилоъотӣ ва амниятӣ, як зарурат ва бидуни тардид яке аз роҳҳои баландмуддат барои хушкондани терурисм хоҳад буд.”
Қарор буд дидори сеҷонибаи руасои ҷумҳури Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон дар шаҳри Душанбе рӯзи панҷшанбеи 11-уми сентябр баргузор шавад, аммо ин дидор ба далоили номаълум лағв шуда буд. Ҳарчанд интизор мерафт ин дидор дар тӯли рӯзи ҷумъа сурат бигирад, аммо ин мулоқот ин рӯз ҳам анҷом наёфт.
