Оғози расмии тамриноти низомии кишварҳои узви СҲШ дар Чин

  • 25 Август, 2014
Низомиёни тоҷикImage copyrightBBC World Service
Image caption Дар тамриноти низомӣ дар Чин беш аз 200 нафар аз низомиёни тоҷик ширкат доранд

Дар размоишгоҳи мавсум ба Чжужихэ дар Чин тамриноти низомии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой расман оғоз шудаанд.

Ин машқҳо зери шиъори “Рисолати сулҳи 2014” доир шуда ва ба гуфтаи масъулони низомӣ, дар ҷараёни онҳо мубориза бо терурисм, ҷудоиталабӣ ва ифротгароӣ тамрин хоҳад шуд.

Дар ин тамринот, низомиён аз Русия, Қазоқистон, Қирғизитон, Тоҷикистон ва Чин кишварҳои узви СҲШ ширкат доранд.

Тибқи иттилоъи Вазорати дифоъи Тоҷикистон дар ин тамринот беш аз 200 нафар аз низомиён аз ин кишвар ширкат доранд.

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯйи ин вазорат, рӯзи душанбеи 25 август ба Би-би-сӣ гуфт, ки низомиёни тоҷик барои ширкат дар ин машқҳо аз 9 август дар кишвари Чин қарор доштаанд.

Оқои Маҳмадалиев мегӯяд: "Дар ин машқҳо дар баробари низомиёни кишварҳои узви ин созмон, низомиёни мо, аз ҷумлаи гурӯҳҳои вижаи вазорати дифоъ ширкат мекунад. Ҳамзамон оркестри низомии вазорат низ дар ин тамринот ширкат дорад то салиқаи ҳирфаии худро ба намоиш гузорад. Ин оркестр аз соли 2010 то имрӯз дар тадобири мухталифи давлатӣ дар дохили кишвар ва дар ҷашнвораҳои байналмилалии мусиқии низомӣ дар кишварҳои ҷаҳон ширкат кардааст."

Оқои Маҳмадалиев мегӯяд, ки низомиёни Тоҷикистонро дар ин тамринот, женерол Тоҳир Хайруллоев, муъовини аввали раиси ситоди кулли артиши Тоҷикистон раҳбарӣ мекунад.

Дар ҳамин ҳол, як мақоми низомии Чин ба хабаргузориҳо гуфтааст, ки тамриноти низомӣ дар Чин дар ду марҳалла мегузаранд.

Марҳаллаи аввал ба муборизаи муштараки низомиён алайҳи терурисм бахшида хоҳад шуд ва дар марҳаллаи дувум наҳви табодули иттилоъот ва ҳамоҳагсозии фаъъолияти фармондеҳон барои ҳимояти низомиён хоҳад буд.

Тамриноти низомиёни кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой то 30 август дар Чин идома хоҳанд дошт.

Дар авохири моҳи июли соли ҷорӣ, вузарои умури хориҷаи кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шонгҳой дар шаҳри Душанбе ҷаласаи вижае доир карда ва дар он тадорукот ба ҳамоиши сарони ин кишварҳо ва масоили дигари ин созмонро баррасӣ кардаанд.

Ҳамоиши сарони кишварҳои ин созмон қарор аст, ки дар авосити моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе доир шавад.

Маъмулан дар ҷаласаҳои мухталифи ин созмон дар канори масоили иқтисодӣ мавзӯъоти марбут ба муборизаи муштарак алайҳи терурисм, ифротгароӣ, ҷудоихоҳӣ ва маводди мухаддир баррасӣ мешаванд.

Матолиби муртабит