Сарбозгирии иҷборӣ дар Тоҷикистон: 'Латма ба обрӯи раисҷумҳур'
Image copyrightBBC World ServiceСарпарасти як хонавода аз ноҳияи Рӯдакӣ, дар ҳаволии шаҳри Душанбе, аз сарбозгирии иҷборӣ ё "облава"-и ду писараш дар як ҳафта, ба додситонӣ шикоят бурдааст.
Маҳмадулло Азизов, сокини рустои Болошаҳри ҷамоъати Гулистони ин ноҳия, мегӯяд, ки хонаводаи ӯ танҳо хонаводае нест, ки фарзандонаш ба таври иҷборӣ имсол ба хидмати низомӣ бурда шудаанд.
Ӯ афзуд: "Дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷавонони зиёде ба таври “облава” ба сарбозӣ ҷалб шудаанд. Ман муқобил нестам, ки писаронам дар артиш хидмат кунанд, вале ман зидди наҳваи бурда шудани онҳо ба артиш ҳастам.”
Оқои Азизов мегӯяд, ки ба дунболи боздошти ногаҳонии писаронаш Хайём ва Умеди Маҳмадулло ҳамсараш ба беморӣ мубтало шуда ва ҳоло дар дармонгоҳе табобат мешавад.
Вай афзуд, ки хонаводаи онҳо даъватнома барои хидмати низомӣ унвонии писаронашро дарёфт накардаанд ва аз ин рӯ “облава” шудани онҳо барояшон амали ногаҳонӣ ва шигифтоваре будааст.
Ин падар мегӯяд, ки аъзои хонаводааш яке аз писаронашро то чаҳор рӯз ҷустуҷӯ карда ва дар куҷо будани ӯро намедонистанд. Вале дертар хабардор шуданд, ки вай ба ягони низомие дар вилояти Суғд бурда шудааст.
Анора, Холбибӣ ва Сабоҳат, се зани сокини ноҳияи Рӯдакӣ, низ мегӯянд, ки шоҳиди “облава”-и ҷавонон буданд ва аз ин шеваи сарбозгирӣ шадидан интиқод карданд.
Сабоҳат мегӯяд: "Чунин тарзи бор кардани ҷавонон ба зӯрӣ ба мошинҳо ва бурдани онҳо ба самти номаълум метавонад дар вазъи саломати худи ҷавонон ва аъзои хонаводаи онҳо таъсироти амиқи равонӣ гузорад."
Тибқи қонун ба ҷавонони синни 18 то 27-сола, ки ҳанӯз хидмати низомиро пушти сар накардаанд, ба манзили зисташон даъватнома фиристода мешавад. Дар сурате ки ҷавонон баъд аз гирифтани даъватнома дар кумисериёи низомӣ ҳозир нашаванд, барои эъзоми онҳо ба артиш аз кумаки нозирони минтақаӣ ва ё додгоҳҳо истифода мешавад.
Маҳммадулло Азизов мегӯяд, ки “облава” шудани писаронаш дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ахиран аз ин шеваи ҷалби ҷавонон ба артиш интиқод карда буд.
Латма ба обрӯи Раҳмон
Оқои Раҳмон ахиран дар як суханронии худ аз мавориди сарбозгирии иҷборӣ ё “облава” шадидан интиқод карда ва аз масъулони зидахл тақозо карда буд, ки ба чунин шеваи ҷалби ҷавонон ба хидмати низомӣ хотима диҳанд.
Аммо мавориди густардаи сарбозгирии иҷборӣ, ки аз авоили моҳи апрел то ба ҳол гузориш шуда, ҳокӣ аз он аст, ки кормандони кумисериёҳои низомӣ аз дастури раисҷумҳур сарфи назар мекунанд. Дар мавсими баҳории сарбозгирӣ бисёре аз ҷавонон бо шеваи “облава” ба артиш бурда шудаанд.
Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдон, мегӯяд, ки бо таваҷҷуҳ ба ин ки шумори сарбозон дар артиши Тоҷикистон андак аст, ҷалби ҷавонон ба хидмати низомӣ дар ин кишвар чандон душвор нест.
Аммо оқои Ҳакимов дар мавриди навоқисе, ки дар ҷараёни сарбозгирӣ дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, гуфт: "Якум ин ки ба таври маснуъӣ кормандони зидахл ҷалб ба хидмати низомиро ба муносибатҳои фасодомез табдил додаанд."
"Дувум, набуди замонати амният дар артиш, мавҷудияти зӯроварӣ (хушунат), маҳалгароӣ ва дигар падидаҳои номатлуб дар артиш боъиси он шудааст, ки бисёре аз ҷавонон аз хидмати низомӣ худдорӣ кунанд. Аммо ин маънии онро надорад, ки дар онҳо ҳисси миллӣ ва меҳанпарастӣ вуҷуд надорад."
Ба гуфтаи ӯ, таҳқиқот ҳокист, ки 70 дарсади сокинони Тоҷикистонро кӯдакон ва ҷавонон ташкил медиҳанд, ки шумори зиёде аз онҳо қобили хидмат дар артишанд.
Ин ҳуқуқдони тоҷик гуфт: “Аммо ин усул (облава) воқеъияти давлатдории муъосир шудааст. Бо вуҷуди он ки дар мавриди ин падидаи номатлуб дар нашрияҳо матолиб пахш мешавад ва волидон аз облава шудани фарзандонашон зиёд шикоят мекунанд, вале додситонӣ аз расидагӣ ба ин мавзӯъ худдорӣ мекунад."
Оқои Ҳакимов бо ишора ба дастури раисҷумҳур Раҳмон дар бораи даст кашидан аз чунин шеваи сарбозгирӣ мегӯяд, ки “боз ҳам ваъдаҳои раиси ҷумҳурӣ танҳо дар коғаз мондаанд.” Ҳамчунин, ба ақидаи ӯ, ин омил ба обрӯ ва эътибори раиси ҷумҳур дар миёни мардум латма мезанад.
Ба гуфтаи иддае дигар аз коршиносон сарбозгирии иҷборӣ метавонад дар кайфияти хидмати низомӣ дар артиши Тоҷикистон низ таъсири номатлубе гузорад.
Бим аз лату кӯб дар артиш
Аз сӯйи дигар, мавориди лату кӯби тозасарбозон ва худкушии иддае онҳо дар бархе аз ягонҳои низомӣ дар Тоҷикистон бисёре аз ҷавонон дар ин кишварро аз хидмати низомӣ дилсард кардааст.
Рӯзи 8 марти соли ҷорӣ Шаҳбол Мирзоеви 23-сола дар ягони низомии нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ аз ҷониби ҳамсаффонаш лату кӯб ва ба бемористон мунтақил шуд.
Ҳамчунин, дар авохири соли гузашта Ҳофиз Темуров, як сокини 22-солаи ноҳияи Мурғоб, ки дар ягони (қисми) низомии шумораи 2604-и вобаста ба нерӯҳои марзбонӣ хидмати низомӣ мекард, даст ба худкушӣ зад. Пайвандони ӯ гуфтанд, ки ӯ аз лату кӯби худ аз сӯйи иддае аз афсарон шикоят мекард, аммо фармондеҳи ин ягони низомӣ ин иддаъоро такзиб карда буд.
Наврӯз як ҷавони сокини шаҳри Душанбе аст, ки мегӯяд дар артиши Тоҷикистон хидмат кардааст. Вай афзуд, ки бояд ҳар як ҷавон ин марҳиларо пушти сар кунад. Аммо вай вуҷуди хушунат дар артишро таъйид кард ва гуфт, ки низомиён бояд барои маҳви ин гуна рафторҳо иқдомоти бештаре кунанд.
Ӯ мегӯяд: "Агар дар артиш чунин шеваи бархӯрд бо сарбозон набошад, ҳама рафта хидмати ватанро ба ҷо меоранд."
Бар асоси иттилоъи манобеъи ғайрирасмӣ, дар солҳои ахир беш аз 700 нафар аз сарбозон дар шароити мухталифе аз артиш фирор карда ва ба кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Русия рафтаанд. Аммо ин омор аз сӯйи ҳеч манбаъи расмӣ таъйид нашудааст.
Посухи вазорати дифоъ
Ин дар ҳолест, ки Фиридун Маҳмадалиев, сухангӯйи Вазорати дифоъи Тоҷикистон низ мавҷудияти хушунат дар артиши Тоҷикистонро такзиб карда, гуфт, ки масъулони низомӣ барои аз миён бурдани ҳар гуна хушунат дар артиш тадобири заруриро анҷом додаанд.
Вай аз ҷумла гуфт: "Дар ягонҳои низомӣ ва ҷои хоби сарбозон дурбинҳо насб шудаанд ва телефунҳои боварӣ гузошта шудаанд, ки сарбозон дар сурати эъмоли хушунат алайҳи онҳо тавассути телефунҳо ва ё бо ирсоли номае унвонии раҳбарият, аз ҷумла вазири дифоъ, аз ин кирдор хабар медиҳанд."
Вай дар мавриди сарбозгирӣ дар соли ҷорӣ гуфт, ки тарҳи даъват ба хидмати сарбозӣ барои марҳилаи якум дар соли ҷорӣ наваду панҷ дар сад анҷом ёфта ва ӯ мавҷудияти “облава” дар ҷараёни сарбозгирӣ дар ин кишварро низ такзиб кард.
Ҳарчанд оқои Маҳмадалиев мегӯяд, ки бархе аз сарбозон дар ҷараёни адои хидмати низомӣ аз артиш фирор мекунанд, аммо вай иттилоъ дар мавриди садҳо нафар аз сарбозони фирорӣ дар хориҷ аз Тоҷикистонро бепоя хонд.
