Барканории кумисери низомии Шаҳритус барои "эъзоми донишомӯзон ба артиш"
Сафар Худойдодов, кумисери кумисериёи низомии ноҳияи Шаҳритус, дар ҷануби Тоҷикистон ба хотири эъзоми 23 донишомӯзи мадориси ин ноҳия ба артиш аз симаташ барканор шудааст.
Як манбаъ аз ҳукумати ноҳияи Шаҳритус ин хабарро таъйид кард, аммо оқои Худойдодов гуфтааст, ки ӯ бо хоҳиши худ аз симаташ истеъфо кардааст.
Додситонии низомӣ дар ҷануби Тоҷикистон баҳори соли ҷорӣ алайҳи масъулини кумисериёи ноҳияи Шаҳритус парвандаи ҷиноӣ боз карда буд, аммо баъд аз боз шудани парванда аз зикри номи афроде, ки дар эъзоми донишомӯзони мадраса ба хидмати сарбозӣ даст доранд, худдорӣ кард.
Манобеъи додситонӣ гуфта буданд, ки кумисериёи низомӣ донишомӯзонеро, ки барои фориғуттаҳсил шуданашон беш аз як моҳ боқӣ монда буд, бо роҳи фиреб ба хидмати низомӣ эъзом кардааст.
Масъулони кумисериёи низомӣ ба донишомӯзон ваъда кардаанд, ки онҳо гувоҳиномаи фориғуттаҳсилӣ аз мактабро баъди ду соли анҷоми хидмати сарбозӣ дар артиш хоҳанд гирифт.
Мунақидон мегӯянд, ки дар эъзоми донишомӯзон ба артиш на танҳо маъсулини кумисериёи низомӣ, балки муъовини бахши идеулужии ҳукумат ва идораи маъориф низ даст доранд.
