Дидори як мақоми аршади низомии Омрико аз Тоҷикистон

  • 5 Сентябр, 2013
Майкал Викерс
Image caption Оқои Викерс бо Сузон Элиют, сафири Омрико дар Тоҷикистон, ва иддае аз мақомоти ин кишвар мулоқот кардааст

Сафорати Омрико дар Тоҷикистон дар мавриди боздиди як мақоми аршади низомии он кишвар аз Тоҷикистон хабар дод.

Тибқи иттилоъи дафтари матбӯъотии ин сафорат, боздиди муъовини вазири дифоъи Омрико аз Тоҷикистон дар чорчӯби сафари ӯ ба кишварҳои минтақа анҷом шудааст.

Дар иттилоъияе, ки сафорат рӯзи панҷшанбеи 5 сентябр интишор дод, омадааст, ки Мойкл Викерс (Michael Vickers), дар ҷараёни боздиди якрӯзаи хеш аз Тоҷикистон бо Сузон Элиют, сафири Омирико дар Тоҷикистон ва иддае аз мақомоти ин кишвар гуфтугӯҳо анҷом додааст.

Ҳарчанд дар хабари сафорат аз ҷузъиёти мавзӯъоти матруҳа дар ин гуфтугӯҳо иттилоъи дақиқе пахш нашуда, аммо гуфта мешавад, ки мавзӯъи аслӣ дар ин мулоқотҳо "амният дар минтақа" будааст.

Ҳамчунин, масъулони сафорат аз гирифтани номи мақомоти Тоҷикистон, ки оқои Викерс бо онҳо рӯзи чаҳоршанбе мулоқот кардааст, ба далоили номаълум худдорӣ кардаанд.

Аммо як масъули Вазорати дифоъи Тоҷикистон гуфт, ки ин мақоми низомии Омрико бо Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъ, низ мулоқоте анҷом додааст.

Мавзӯъи ин мулоқот ҳам номаълум аст, вале бо таваҷҷуҳ ба нигарониҳои мақомоти бархе аз кишварҳои минтақа аз хурӯҷи нерӯҳои НОТУ аз Афғонистон дар соли 2014 эҳтимол меравад, ки мавзӯъи аслии мулоқоти ҷонибҳо вазъияти Афғонистон баъд аз соли 2014 буда бошад.

Дар иттилоъияи дафтари матбӯъотии сафорати Омрико, ки дар робита бо сафари оқои Викерс ба Тоҷикистон пахш шуда, омадааст: "Омрико ҳамеша омодаи кумак ба таъмини сабот ва амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ аст."

Коршиносон ҳадс мезананд, ки яке дигар аз мавзӯъоти мавриди гуфтугӯи муъовини вазири дифоъи Омрико бо мақомоти тоҷик вазъияти амниятӣ дар Тоҷикистон ва дурнамои он метавонад бошад.

Дар соли ҷорӣ чандин бор аст, ки мақомоти низомӣ ва вазорати хориҷаи Омрико ба минтақа ва Тоҷикистон сафар мекунанд.

Зимистони гузашта ҳайъате иборат аз мақомоти дифоъӣ ва низомии Омрико ба Тоҷикистон омад ва бо иддае аз мақомоти баландпояи тоҷик дар шаҳри Душанбе гуфтугӯҳое анҷом дод.

Ҳафтае қабл аз сафари ин ҳайъат, Роберт Блейк, ёвари вазири хориҷаи Омрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ, ба Тоҷикистон омада буд ва бо раиси ҷумҳурии ин кишвар мулоқот кард.

Бар асоси иттилоъи масъулони зидахли давлатӣ ва сафорати Омрико, мавзӯъи аслии ин мулоқотҳо ба вазъияти Афғонистон ва минтақа бахшида шуда буд.

Матолиби муртабит