'Ҳолдинг Кантгруп Тоҷикистон' аз таҳримҳои Омрико нигарон аст

Масъулони ширкати "Ҳолдинг Кантгруп Тоҷикистон" аз эъломи таҳрими вазорати дороии Омрико алайҳи бонки "Kont Investment", ки Бобак Занҷонӣ, милиёрдери эронӣ муассиси он буд, ибрози нигаронӣ карданд.
Аммо ба гуфтаи сухангӯйи ширкати "Ҳолдинг Кантгруп Тоҷикистон" ин ширкат то ҳоло ҳеҷ мадраки расмиеро дар мавриди эъломи таҳрим аз вазорати дороии Омрико дарёфт накарда ва иттилоъот дар ин бораро бештар дар расонаҳо хондааст.
Вазорати дороии Омрико рӯзи панҷшанбе эълом кард, ки сармояҳои шабакаи бонкҳои марбут ба Бобак Занҷониро ба иттиҳоми давр задани таҳримҳои эъмолшуда алайҳи Эрон блук кардааст.
Муассиси бонки "Kont Investment" дар Тоҷикистон як ширкати туркӣ будааст, ки ба Бобак Занҷонӣ таъаллуқ доштааст.
Далери Абдулло, сухангӯи ширкати "Ҳолдинг Кантгруп Тоҷикистон" рӯзи ҷумъаи 3 май дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, фаъъолияти бонки сармоягузории "Kont Investment" ба сурати маъмулӣ идома дорад.
Ӯ гуфт, ки "Холдинг Контгрупп Таджикистан"дар моҳи январи соли ҷорӣ як нафари дигар муассиси ин ширкат шуда ва акнун Бобак Занҷонӣ ба ин ширкат иртиботе надорад ва раҳабарии "Kont Investment"-ро як ширкати туркии мавсум ба “Конггрупп-В Кант-касметик” бар ӯҳда гирифтааст.
Ҳамчунин оқои Абдулло, мегӯяд: “Мо дарк мекунем, ки ҷорӣ кардани таҳрим аз сӯйи Омрико ба равандаи фаъъолияти намояндагии ин бонк дар Тоҷикистон бетаъсир нахоҳад буд, зеро Омрико ба сифати яке аз кишварҳои пешрафта дар иқтисоди ҷаҳонӣ аз ҷумлаи кишварҳои таъсирарсон маҳсуб меёбад.”
Оқои Абдулло мегӯяд, ки фаъъолияти бонки сармоягузории “Kont Investment” дар чаҳорчӯби қонунҳои мавҷуда дар Тоҷикистон ва муқаррароти байналмилалӣ амалӣ мешавад.
Вай бо таъкид ба нақши ин бонк дар тавсеъаи иқтисоди Тоҷикистонва ба бавижа таъмини сокинони ин кишвар бо ҷойҳои кории доимӣ гуфт, ки масъулони бонк умед доранд, бо таваҷҷуҳ ба ин нукта дар мавриди эъломи таҳрими ин бонк таҷдиди назар хоҳад шуд.
"Kont Investment" тавассути ширкати "Ҳолдинг КантГруп Тоҷикистон" барои корҳои тармиму бозсозии Саристгоҳи шаҳри Душанбе 140 милюн сомонӣ масраф карда ва ширкати “Осиё Экспресс” низ, ки порлумони Тоҷикистон барои вуруди утубусу худравҳо ин ширкатро аз пардохти молиёт ва боҷи гумрукӣ муъоф карда, тавассути ин бонк фаъъолият кардаанд.
Бинобар иттилоъияи Вазорати дороии Омрико, Бобак Муртазо Занҷонӣ, тоҷири эронӣ, Бонки Аввали Сармоягузории Исломии Байналмилалӣ (FIIB) мустақар дар Молезӣ ва шабакае аз ширкатҳои байналмилалӣ ба феҳристи таҳримҳои Омрико изофа шудаанд.
Бобак Занҷонӣ ва муассисаҳои муртабит бо ӯ ба пулшӯӣ барои давр задани таҳримҳои эъмолшуда алайҳи Эрон муттаҳам шудаанд.
Ин дар ҳолест, ки дар авоили соли 2012 иддае аз мақомоти Тоҷикистон гуфта буданд, ки таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи Эрон асароти манфие дар ҳамкориҳои миёни ин ду кишвар хоҳад дошт.
Он замон вазири иқтисоди Тоҷикистон гуфта буд, ки бархе аз ширкатҳои муштараки тоҷикиву эронӣ ва тарҳҳои муштараки Тоҷикистону Эрон ба ин сабаб бо мушкилоте рӯбарӯ шудаанд.
