Гурӯҳии мусиқии ҳип-ҳоп ва ҷоз ба водии Рашт меравад

  • 30 Май, 2013
гурӯҳи мусиқӣ
Image caption Омрикоиҳо барои ҷавонони Рашт консерти ҳип-ҳоп ва ҷоз иҷро мекунанд

Гурӯҳи мусиқии “Stooges Brass Band” аз Омрико барои ҷавонони водии Рашт мусиқии ҳип-ҳоп ва ҷозро муъаррифӣ хоҳад кард.

Водии Рашт, ки аз манотиқи суннатгарои кишвар маҳсуб мешавад, барои нахустин бор мизбони консерти чунин сабки мусиқии урупоӣ хоҳад шуд.

Сафорати Омрико баргузоркунандаи ин сафари ҳунарии гурӯҳи мусиқии иборат аз созҳои нафасӣ "Stooges Brass Band" ба Тоҷикистон аст.

То ҳоло ин гурӯҳ барои шогирдони макотби ҳамагонӣ дар ноҳияи Қумсангир дар вилояти Хатлон ва ноҳияи Панҷакент дар вилояти Суғд барномаҳое иҷро карданд.

Мубтакирони ин тарҳ гуфтанд, ки мехоҳанд тавассути ин консертҳо ҷавонони тоҷик бо мусиқии Омрико бештар ошно шаванд.

Рӯзи чаҳоршабеи 29 май гурӯҳи омрикоии “Stooges Brass Band” дар Маркази Омрикоӣ дар шаҳри Душанбе низ барномаи ҳунарие анҷом дод ва алоқамандони зиёди мусиқии омрикоиро дар инҷо гирди ҳам овард.

Ин гурӯҳ, имрӯз 30 май дар меҳмонхонаи “Вафо Сентер” дар пойтахти Тоҷикистон барномаи ҳунарии худро баргузор карда ва сипас озими ноҳияи Рашт хоҳад шуд.

Ҳамчунин ҳунармандони омрикоӣ қасд доранд, барои ҷавонони шаҳри Кӯлоб низ барномаҳои ҳунарӣ доир кунанд.

Гурӯҳи “Stooges Brass”, яке аз гурӯҳҳои беҳтарини созҳои нафасӣ дар Орлиони Нави Омрико ба шумор рафта ва дар тӯли ҳудуди 16 соли фаъъолияташ алоқамандони бисёре дар ин кишвар касб кардааст.

Ҷон Паркенс, раҳбари ин гурӯҳ мегӯяд, ки барои алоқамандони мусиқӣ дар Тоҷикистон, барномаи вижеро таҳия кардааст, ки шомили сабки мусиқии “бразбенд” будааст.

Ба гуфтаи вай қисмати бештари барнома аз мусиқии поп ва хип-хоп иборат аст, ки сабки мусиқии маҳбуб дар миёни ҷавонони тоҷик аст.

Оқои Паркерс мегӯяд, ки ин нахустин сафари гурӯҳ ба Тоҷикистон буд ва вай зоҳиран аз пазироии барнома аз сӯйи тамошочиённи тоҷик хушнуд ба назар менамуд.

Вай афзуд: “Мутаасифона мо бо мусиқии тоҷикӣ хеле кам ошнои дорем ва умедворам, ки дар ҷараёни ин сафар иттилоъи бештари дар мавриди мусиқии маҳаллӣ ва мусиқии попи тоҷикӣ дарёфт хоҳем кард”

Оқои Паркенс мегӯяд, ки онҳо дар идомаи сафари худ ба кишварҳои дигари Осиёи Миёна, аз ҷумла Қирғизистон ва Узбакистон низ барномаҳое иҷро хоҳанд кард.

Мубтакирони баргузории ин барнома аз сафорати Омрико дар Душанбе яке аз аҳдофи баргузории ин барномаҳоро табодули фарҳангӣ ва ошноии бештар аз фарҳунгу ҳунари якдигар унвон мекунанд.

Матолиби муртабит