Сафорати Тоҷикистон: "Дар боздошти "Дороб-Янс" дар Русия сафорат муқассир нест"

Масъулони сафорати Точикистон дар Русия мегӯянд, ки ба қазияи боздошти як овозхони тоҷиктабори рэп дар Маскав аз сӯйи кормандони интизомии рус ҳеч иртиботе надоштаанд.
Дафтари матбӯъотии ин сафорат, дар вокуниш ба изҳороти Дороб Фаросатшоев, (Дороб Янс (Dorob-YANs) овозхони рэп дар Русия, баёнияеро пахш ва дар он иддаъои ин овозхонро, ки гӯё вайро дар пайи шикояти як корманди сафорат пулис боздошт кардааст, бепоя хондааст.
Дар ин баёния, ки рӯзи душанбеи 6 май мунташир шуда ҳамчунин гуфта шудааст, ки масъулони сафорат хабар дар мавриди қазияи боздошти ин овозхонро аз расонаҳо дарёфт кардаанд.
Дар баёния омадааст, ки Дороб аслан шаҳрванди Қирғизистон буда ва агар вай ба унвони як ҳунарманди тоҷиктабор аз боздошти худ ба масъулони сафорат шикоят меовард, онҳо аз ҳуқуқи ӯ дифоъ мекарданд.
Ҳамчунин сафорат гуфтааст: "Дороб, ки як ҳунарманди ҷавон аст, мехоҳад аз шеваҳои маъмули бозори ҳунарии Русия, бавижа Маскав, ки хеле сангину душворгузар аст, истифода кунад ва ин як гашти "PR (пиар)" барои касби маъруфияти бештар дар бозор аст."
Дороб Фаросатшоев, ки бо лақаби Дороб Янс худро дар сойти интернетиаш муъаррифӣ мекунад, чанд соли ахир дар Русия зиндагӣ ва фаъъолият мекунад.
Дороб менависад, ки дар замони ҷангҳои дохилӣ аз Тоҷикистон ҳамроҳ бо аъзои хонавода ба шаҳри Ӯши Қирғизистон кӯч мекунад ва аз 14 солагӣ ба офаридани оҳангҳои рэп шурӯъ мекунад. Дар соли 2007 ба Русия барои кор меояд, вавле ба офаридани таронаҳои ин шеваи мусиқӣ идома медиҳад.
Ин овозхон, ки дар Тоҷикистон то ҳол кам афроде бо овозхонии ӯ ошно ҳастанд, ахиран ба расонаҳо хабар додааст, ки 27 апрел дар Маскав пулис ӯро боздошт кардааст ва ӯ як рӯзро дар боздоштгоҳи муваққатӣ сипарӣ кардааст.
Дороб мегӯяд, ки муқассири аслии боздошти ӯ масъулони сафорати Тоҷикистон дар Русия будаанд. Дороб гуфтааст, ки таронаҳои рэпе, ки ахиран вай бо ду забони русӣ ва шуғнӣ дар сойти интернетии худ ҷо додааст, мақбули масъулони ин сафорат набудаанд.
Вай зимни пахши таронаҳои ахири худ дар мавриди интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон онро аз хабарҳое дар мавриди амалиёти тобистони соли 2012 дар шаҳри Хоруғ оғоз мекунад.
Дар ин тарона аз сиёсатҳои кунунии давлати Тоҷикистон, бавижа фаъъолиятҳои кормандони интизомӣ ва амниятии ин кишвар шадидан интиқод мешавад.
