Қотили тоҷик дар Русия муҷозот шуд

  • 11 Апрел, 2013
Муҳоҷирони тоҷик
Image caption Ҳамасола ҳазорҳо тан аз атбоъи Тоҷикистон барои дарёфти кор озими Русия мешаванд

Додгоҳи вилояти Самараи Русия Александр Николаев, миллатгарои русро ба иттиҳоми куштор дар пояи адовати миллию нажодӣ ба муддати 15 сол равонаи зиндон кардааст.

Тибқи иттилоъи сойти Додситонии кулли Русия, Александр Николаев, ки дар қиболи муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ ва Қафқоз адовати нажодӣ дошт, дар тирамоҳи соли 2011 бо корд-найзаи туфанги тамғаи Токарев ба шаҳрванди Тоҷикистон ҳамла карда ва ба сина ва тахтапушти ӯ зарба задааст. Муҳоҷири тоҷик бар асари ин захмҳо даргузаштааст.

Ин манбаъ навиштааст, дар ҷараёни бозрасии ин қазия оқои Николаев иттиҳоми ворида ба ӯро эътироф накарда ва додгоҳи вилояти Самара низ рӯи 7 ноябри соли гузашта Александр Николаевро бегуноҳ хонда буд.

Аммо моҳи январи соли ҷорӣ Додгоҳи олии Русия ин ҳукми додгоҳро лағв карда ва хостори бозрасии ҷадиди ин қазия шуд.

Бад ин тартиб, додгоҳи вилояти Самара ин қазияро дубора баррасӣ карда ва Александр Николаевро ба муддати тӯлонӣ равонаи зиндон кард.

Ба эътиқоди коршиносон, муҳокима ва муҷозоти Александр Николаев аз маъдуд ҳодисаест, ки миллатгароёни рус барои ҳамла ба атбоъи Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ва расондани осеби ҷисмонӣ ба онҳо муҷозот шудаанд.

Гуфта мешавад, дар соли гузашта беш аз 1000 нафар шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия фавт кардаанд, ки иддаъе аз онҳо ба дасти миллатгароёни рус ё ба истилоҳ “тоссарҳо” кушта шудаанд.

Аз ҷумла, моҳи октябри соли гузашта дар ҷангали шаҳри Пушкинои вилояти Маскав ҷасади бесари Аҳтамшо Шарифов, шаҳрванди тоҷик пайдо шуда буд.

Аммо то ҳол дар мавриди боздошти омилони ин ҳодисаи ваҳшатнок ва муҷозоти онҳо иттилоъе пахш нашудааст.