Таъсиси Маркази ҳамкориҳои фарҳангии форсизабонҳо
Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон Маркази ҳамкориҳои ҳунарӣ ва фарҳангии форсизабонҳоро созмон додаанд.
Бино ба гузориши нашрияи “Tehran Times”-и Эрон, дар ҳошияи 26-умин Намоишгоҳи байналмилалии кутуб дар шаҳри Теҳрон Муҳаммад Ҳусайнӣ, вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон ва Мирзошорух Асрорӣ, вазири фарҳанги Тоҷикистон дар ин замина санади ҳуқуқиеро имзо кардаанд.
Дар баёнияи матбуъотии Вазорати фарҳанг ва иршоди исломии Эрон омадааст, оқои Ҳусайнӣ сатҳи феълии ҳамкориҳои фарҳангӣ миёни кишваҳои форсзабонро дӯстона хонда ва хостори таъмиқи ин ҳамкориҳо шудааст.
Ӯ гуфтааст, Ҳуҷҷатуллоҳ Аюбӣ, раиси бахши фарҳангии Эрон дар Созмони Ҳамокриҳои Иқтисодӣ (ECO) раиси Маркази ҳамкориҳои ҳунарӣ ва фарҳангии форсизабонҳо интисоб шудааст.
Мирзошорух Асрорӣ ба навбаи худ таъсиси ин созмони ҷадиди фарҳангиро як марҳилаи навин дар равобити фарҳангии кишварҳои форсизабон арзёбӣ кардааст. Дар ин дидор вазири фарҳанги Афғонистон ширкат надоштааст.
