Оғози филмбардории “Ойинаи бидуни тасвир”-и Носир Саидов

  • 1 Май, 2013
Лаҳзаи кори коргардон
Image caption Ин дуввумин филм дар даврони истиқлоли Тоҷикистон аст, ки дар навори селлулоидӣ ё навори синемоӣ филмбардорӣ мешавад

Синемогарони тоҷик наворбардории филми ҷадидеро бо номи “Ойинаи бидуни тасвир” оғоз кардаанд.

Ин филм дар истудиюи “Тоҷикфилм” таҳия мешавад ва Носир Саидов, коргардонии онро бар ӯҳда дорад. Георгий Дзалаев филмбардори филм аст.

Ин дуввумин филм дар даврони истиқлоли Тоҷикистон аст, ки дар навори селлулоидӣ ё навори синемоӣ филмбардорӣ мешавад. То ҳол бисёре аз филмҳои бадеъӣ дар наворҳои телевизюнӣ ё видиюӣ наворбардорӣ мешуданд ва аз ин сабаб аз ширкат дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ дар канор мемонданд.

Филми “Ойинаи бидуни тасвир” аз рӯйи достони Бахтиёр Каримов, адиби ҷавони тоҷик таҳия мешавад ва дар он ҳунармандони ҳам собиқадор ва ҳам ҷавонон нақш иҷро мекунанд.

“Қодир ба бахшиши якдигар”

Ҳангоме, ки вориди маҳалли филмбардорӣ шудам, Носир Саидов машғули наворбардории яке аз саҳнаҳои филм буд.

Ин коргардони саршиноси тоҷик, ки ҳамзамон раёсати ширкати “Тоҷикфилм”-ро бар ӯҳда дорад, фурсате пайдо карда ва дар бораи тарҳи ҷадидаш бо Би-бисӣ сӯҳбат кард.

Image caption Мадина Назарамонова нақши Ситора, қаҳрамони аслии филмро иҷро мекунад

Ӯ мегӯяд: “Мавзӯъи филм “бахшандагӣ” аст, яъне гузашт аз гуноҳи ҳамдигар, ки ба назар мерасад инсонҳои имрӯз ин амрро фаромӯш кардаанд. Аз миён рафтани бахшиш боъиси афзоиши танишҳо дар ҷаҳон шудааст. Аммо ин гузашт ё бахшиш бояд аз яке оғоз шавад, ки дар филми мо мунаъкис мешавад.”

Филм аз зиндагии ҷавонон ва хиради падарон ҳикоят мекунад. Филм дар бораи Ромиш ҳикоят мекунад, ки баҳангоми бӯҳрони равонӣ ҷавони дигареро бо номи Шаҳзод ба ба қатл мерасонад.

Ин қотил, ки худ бемор аст ва бидуни пайвандсозии қалби ҷадид, ба ӯ марг таҳдид мекунад, ҳамон рӯз паём мегирад, ки қалби донорӣ барои ӯ фароҳам шудааст. Дертар ӯ огоҳ хоҳад шуд, қалбе, ки ӯро аз марг наҷот дода, қалби ҳамон Шаҳзод аст, ки худи ӯ ба қатлаш расонд.

Падари Шаҳзод, ки барои донории қалби писараш бомушкилӣ розигӣ медиҳад, бехабар аз он, ки Ромиш писарашро кушта, ба ӯ меҳр пайдо мекунад, чун дар синаи ӯ дили писараш метапад. Воқеъият дертар ба ӯ ошкор хоҳад шуд, аммо падар Ромишро мебахшад.

Дар ин филм дар канори аз ҳунармандони саршинос ҳунармандони ҷавонон низ нақш меофаранд. Мадина Назарамонова, Аброр Назаров, Темур Турсунов ва Парвиз Саидов аз ҷумлаи иҷрокунандагони нақшҳо дар ин филм ҳастанд.

Image caption Оқои Саидов мегӯяд, ки филм аз зиндагии ҷавонон ва хиради падарона ҳикоят мекунад

Ҳамчунин дар "Ойинаи бидуни тасвир” ҳунармандони ҳирфаии синемо, назирӣ Муҳаммадалӣ Маҳмадов, Ширинмоҳ Миргулова ва Моҳпайкар Ёрова нақш меофаранд.

Далер Назаров, овозхон ва оҳангсози мумтози тоҷик, мусиқии ин филмро эҷод мекунад ва наққоши филм Ҷамшед Холиқов аст.

Душвориҳои камбуди сармоя

Таҳияи ин филми ҷадид дар Тоҷикистон дар ҳоле ҷараён дорад, ки бисёре аз коргардонҳо аз камбуди сармоя барои наворбардории филм шикоят мекунанд.

Носир Саидов, таҳиякунандаи "Ойинаи бидуни тасвир" мегӯяд, ҳарчад онҳо сармояе барои рӯйи пардаи синемо овардани ин филм дар ихтиёр доранд, вале ба гуфтаи вай ин сармоя барои наворбардории комили филм кофӣ набудааст.

Ӯ гуфт ҳарчанд истудиюи “Тоҷикфилм” оҳиста-оҳиста ба фаъъолиятҳои ҳирфаии синемо бозмегардад, вале мушкилоти молӣ дар ин роҳ ҳамчунон вуҷуд доранд.

Ба далели камбуди бархе аз муттахасисони бахши синемо, ба монанди ороишгарони ҳунармандон ё "гримёр" ва коргардони садо, "Тоҷикфилм" барои филмбардории "Ойинаи бидуни тасвир" ин муттахасисонро аз Эрон даъват кардааст. Марйам Дӯстӣ, ороишгари чеҳраи ҳунармандон яке аз онҳост.

Image caption Далер Назаров, овозхон ва оҳангсози мумтози тоҷик, мусиқии ин филмро эҷод мекунад

Хонум Дӯстӣ мегӯяд: “Ман чун тарроҳи грим ҳудуди 17 сол боз фаъъолият дорам. Ҳоло ки ба хотири ин филм дар Тоҷикистон ҳастам, чанд нафаре аз ҷавонони тоҷикро дар ҷараёни кори худ омӯзиш медиҳам.”

Носир Саидов мегӯяд, ки масъулини истудиюи "Тоҷикфилм" ахиран барномаҳоеро барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷавонон барои кор дар асраи синемо, ба вижа дар ҳирфаи тарроҳи грим, коргардони савту садо, наққошони филм ва наворбардорон рӯйи даст доранд.

Аз ҷумла барои фирситодани чунин ҷавонон барои таҳсил дар донишгоҳҳои ҳунарии Туркия, Русия ва кишварҳои дигари, дар истудиюи "Тоҷикфилм" давраҳои ройгони омӯзииши забонҳои хориҷӣ ифтитоҳ шудааст.

Матолиби муртабит