Размоиши низомиёни Русия дар Тоҷикистон

  • 8 Апрел, 2014
Низомиёни Русия Image copyrightBBC World Service
Image caption Тамриноти низомиёни Русия дар Тоҷикистон бо нигрониҳое аз сӯйи иддае аз сокинони наздик ба ин размоишгоҳҳо рӯбарӯ аст

Дар се размоишгоҳи низомӣ дар Тоҷикистон тамринҳои афсарон ва сарбозони пойгоҳи низомии 201-и Русия оғоз ёфтааст.

Тавре ки хабаргузории ИТАР-ТАСС-и Русия менависад, ин монуврҳо дар размоишгоҳҳои Лоҳур, дар ҳумаи шаҳри Душанбе, Мумирак ва Сумбула, воқеъ дар вилояти Хатлон, ҷараён доранд.

Дар тамриноти пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон беш аз як ҳазор нафар ширкат доранд ва машқҳо дар чанд марҳала анҷом мешаванд. Ҳамчунин, аз беш аз 500 воҳид аз мошинҳо ва таҷҳизоти низомӣ дар ин тамринот истифода хоҳад шуд ва машқҳо то чанд рӯзи дигар идома хоҳад дошт.

Марҳалаи дувуми ин тамринот ба ҷустуҷӯ ва нобуд кардани гурӯҳҳои эҳтимолии харобкор ва теруристӣ дар кӯҳпояи Ҳисор ихтисос ёфта ва дар он тамоми низомиён ширкат хоҳанд кард.

Назорат бар ин тамринотро афсарон дар размоишгоҳи Лоҳур, воқеъ дар 40-килуметрии ҷануби Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, бар уҳда доранд.

Тамриноти нерӯҳои Русия дар Тоҷикистон дар ҳоле баргузор мешавад, ки таниш байни Маскав ва Ғарб бар сари вазъияти Укройн дар ҳоли афзоиш аст. Манобеъи огоҳ мегӯянд, ки Маскав талош дорад қудрат ва нуфузи аздастрафтаи худ дар замони Шӯравиро дубора ба даст оварад.

Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои федеросиюни Русия, дар дидори ахири худ аз Тоҷикистон ва мулоқот бо мақомоти баландпояи ин кишвар аз вазъияти Афғонистон, кишвари ҳамсоя, ибрози нигаронӣ кард.

Хонум Матвиенко гуфта буд, ки дар сурати хуруҷи нерӯҳои НОТУ аз Афғонистон таҳдидҳо барои суботи кишварҳои Осиёи Миёна эҳтимолан афзоиш хоҳад ёфт.

Вай афзуд: "Изтироби мо аз сар задани бесаботӣ дар Афғонистон ва Осиёи Марказӣ аст ва мо бояд барои таъмини сулҳ ва сабот дар минтақа муттаҳид шавем."

Ин мақоми рус ҳамчунин, аз мақомоти баландпояи Тоҷикистон барои тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии Русия то соли 2042 дар Тоҷикистон изҳори сипос кард. Тибқи қарордоди ахири миёни ду кишвар, пойгоҳи низомии 201-и Русия ҳудуди 30 соли дигар дар Тоҷикистон ҳузур хоҳад дошт.

Тамриноти низомиёни Русия дар Тоҷикистон ҳамасола дар се размоишгоҳ доир мешаванд ва бо нигарониҳое аз сӯйи иддае аз сокинони наздик ба ин размоишгоҳҳо рӯбарӯ ҳастанд.

Матолиби муртабит