Қатли як табаъаи тоҷик дар Екатеринбург дар аввалин рӯзҳои баҳор

  • 25 Март, 2014

Дар аввалин рӯзҳои баҳор як табаъаи тоҷик дар Русия ба дасти бегонаситезон кушта шудааст.

Азалбек Каттабекови 43-сола, зодаи ноҳияи Айнии вилояти Суғд, дар шаҳри Екатеринбург ҳадафи ҳамлаи фард ё гурӯҳе аз афрод қарор гирифта ва дар асари шаш зарби чоқу ҷони худро аз даст дод.

Ин воқеъа рӯзи якшанбеи 23 март дар яке аз маҳаллоти шаҳри Екатеринбург сурат гирифтааст.

Пайвандони оқои Каттабеков мегӯянд, ки ӯ ду сол пеш аз заработи чоқуи як сокини рустабори ин шаҳр захмӣ шуда ва дар бемористон муъолиҷа шуда буд.

Додгоҳи Русия он замон фарди муҳоҷимро ба як соли зиндон маҳкум карда буд. Ин сокини Русия дубора ба занни даст доштан дар қатли оқои Каттабеков боздошт шуда ва таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.

Пайвандони Азалбек Каттабеков асноди ӯро барои интиқоли ҷасадаш ба Тоҷикистон таҳия мекунанд.