Парвозҳои омӯзишии халабонҳои низомии Тоҷикистон
Image copyrightBBC World ServiceСубҳи рӯзи чаҳоршанбеи 4 июн садои ҳавопаймо дар фазои қисмати ҷануби шарқи шаҳри Душанбе бисёре аз кӯдаконро водор кард, ки аз манозили маскунӣ берун оянд ва парвози ин ҳавопайморо мушоҳида кунанд.
Бархе аз афроди бузургсол дар хиёбони мавсум ба "Ганҷина"-и пойтахти Тоҷикистон низ дар миёни кӯдакон буданд ва суҳбатҳо аз “парвози изтирории ҳавопаймо”-ро миёни худ матраҳ мекарданд
Аммо масъулони Вазорати дифоъи Тоҷикистон гуфтанд, ки ин парвозҳои омӯзишии халабонҳои низомии артиши ҳавоии ин кишвар дар чорчӯби барномаҳои солиёна аст.
Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазири дифоъ, рӯзи чаҳоршанбеи 4 июн ба Би-би-сӣ гуфт, ки аз субҳи имрӯз дар фурӯдгоҳи низомии Айнӣ, воқеъ дар 15-килуметрии ҷануби шарқи шаҳри Душанбе парвозҳои халабонҳои низомии нерӯҳои ҳавоии Тоҷикистон бо ҳавопаймои низомии навъи ТУ-124 оғоз ёфтааст.
Вай афзуд: “Ҳамасола тибқи омодагии нерӯҳои мусаллаҳи артиши Тоҷикистон дар тамоми ин нерӯҳо тадобири омӯзишӣ ва тамринҳои касбӣ доир мешаванд. Вобаста ба ин барнома дар нерӯҳои ҳавоӣ ва дифоъи зидди ҳавоӣ низ пайваста машқҳои мухталифи таълимӣ-низомӣ ва парвозҳои таълимии халабонҳо сурат мегиранд.”
Оқои Маҳмадалиев мегӯяд, ки дар давоми рӯз халабонҳо ҳамчунин парвозҳои омӯзиширо бо чархболҳои навъи МИ-24 ва МИ-8 низ анҷом медиҳанд.
Оқои Маҳмадалиев афзуд, ки дар тӯли сол халабонҳои ҷадид аз ҳаргуна навъи ҳавопаймоҳои низомӣ ва чархболҳо барои андӯхтани таҷрубаи парвоз истифода мекунанд.
Ба гуфтаи ӯ, то соли 2004 дар чорчӯби ҳамкориҳои низомӣ мутахассисони арсаи ҳавоии низомӣ ва халабонҳо дар кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Русия, Чин ва Ҳинд, омӯзиш медиданд.
Аммо баъд аз ифтитоҳи бахши ҳамлу нақли ҳавоӣ дар донишгоҳи низомии Вазорати дифоъи Тоҷикистон, аз ин муассиса ҳамасола ҳудуди 30 мутахассис ва халабони ин арса фориғ мешаванд.
Оқои Маҳмадалиев афзуд: “Дар тӯли 20 соли ахир низомиёни Тоҷикистон тавонистанд мутахассисони низомии нерӯҳои ҳавоӣ ва халабонҳоро ба қадри кофӣ омада кунад.”
Вале то ҳол бархе аз ҷавонони Тоҷикистон дар бахши ҳавопаймоии донишгоҳҳои низомии кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд.
Бо ин вуҷуд, коршиносони низомӣ мегӯянд, ки артиши Тоҷикистон ва бавижа нерӯҳои ҳавоии он аз артиши низомии Шӯравии пешин ҳеҷ гуна фанновариро ба мерос нагирифта ва ба харидории фанновариҳои мудерн, аз ҷумла ҳавопаймоҳои низомии ҷадид, ниёз дорад.
Ҳавопаймоҳои низомии артиши Тоҷикистон бештар сохтаи Шӯравӣ ва ё Русия буда ва ба гуфтаи соҳибназарон, дар заминаи таҷҳизоти низомӣ нерӯҳои ҳавоии Тоҷикистон ҳанӯз аз артишҳои дигар кишварҳои минтақа ақабмондатар ҳастанд.
