Ду афсар барои лату куби як сарбоз равонаи зиндон шуданд

  • 21 Ноябр, 2013

Додгоҳи низомии вилояти Хатлон ду афсари дорои рутбаи гуруҳбон-дуро (сержант) аз яке аз воҳидҳои низомии Кумитаи амнияти миллиро барои озори як сарбоз аз озодӣ маҳкум кардааст.

Тоҳир Искандаров, як масъули додгоҳи низомии вилояти Хатлон гуфт, ки ин афсарон дар лату кӯб ва паст задани шаъну шарафи як сарбоз муҷрим шинохта шуданд.

Оқои Искандаров мегӯяд, ки моҳи май соли ҷори доситонии низомии вилояти Хатлон алайҳи ин ду гуруҳбон-дуро тибқи моддаи 237-қонуни кайфарии Тоҷикистон қисми 2, ъне "вайрон намудани муносибатҳои байниякдигари ҳарбӣ" муттаҳам карда буд.

Додгоҳи низомӣ Аббосзода Ҷонибек ва Ҷӯрабек Шаимонов, ин ду фарди афсарро дар содир кардани ҷиноят - лату кӯби сарбоз муқассир дониста ва онҳоро мутаносибан ба ду ва як сол зиндон маҳкум кард.