"Дифоъ аз тими артиши кишвар- ифтихори варзишгари низомӣ аст "

Рӯзи душанбеи 2 сентябр ҷаласаи намояндагони кишварҳои ширкаткунандаи ҷашнвораи варзишии (спартакиада) куштии дзюдо миёни нерӯҳои кишварҳои узви ҷомеъаи ҳамсуд (СНГ) баргузор шуд, ки дар он намояндагони низомии тамоми кишварҳои узв ҳузур доштанд.
Баъд аз ин ҷаласа масъулони мусобиқа дар нишасти матбӯъотӣ изҳор карданд, ки ҳамаи варзишгарони шитркаткунандаи ин мусобиқот, аз ҷумлаи афсарони артишҳои кишварҳои мустақили ҳамсуд ҳастанд.
Ерлан Талазбаев, раиси кумитаи варзишии Шурои вазирони дифоъи кишварҳои мустақили ҳамсуд мегӯяд, ки масъалаи молӣ дар меҳвари баргузории ин мусобиқот вуҷуд надорад.
Зеро ба гуфтаи вай варзишгарони ин мусобиқот пӯшиш ва нишонҳои низомӣ доранд ва барои шӯҳратёр кардани тимҳои артишҳои кишварҳо дар мусобиқа ширкат мекунанд.
Оқои Талазбаев афзуд: "Дар мусобиқоти варзишии низомӣ тассаввури "сандуқи пулии ҷоиза" вуҷуд надорад. Ҳарчанд мумкин аст, ки бархе аз ширкатҳо ва ё афроди алоҳидаи сармоядор ба таври хусусӣ ҷавоизеро барои варзишгарони низомӣ ба намунае эъто намоянд."
Аммо вай мегӯяд, ки ҳадафи аслӣ аз доир кардани ин мусобиқот дигар аст ва ӯ афзуд, ки ҷашнвораи варзишӣ қабл аз ҳама барои варзишкорони низомии кишварҳои мухталифи ин иттиҳодия имкони ошноӣ бо ҳамдигар ва барқарор кардани равобити дустӣ ва варзишӣ миёни онҳоро фароҳам мекунад.
Иддае аз намояндагони варзишгарони низомӣ мегӯянд, ки баргузории мусобиқоти варзишӣ миёни варзишгарони низомии кишварҳои минтақа аҳдофи тиҷоратӣ надорад.
Ба гуфтаи дастандаркорони мусобиқоти куштии дзюдои мавсум ба "Артиши дӯстона", дифоъ аз тими артиши кишвар-ифтихори ҳар як аз варзишгари низомӣ будаст.
Ба гуфтаи Фарҳод Раҳматуллоев, раҳбари бахши варзиши Вазорати дифоъи Тоҷикистон дар мусобиқоти куштии дзюдо шаш кишвари узви ҷомеъаи ҳамсуд аз ҷумла Арманистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Белорус, Русия ва Тоҷикистон ширкат мекунанд.
Вай афзуд, ки кишвари Туркманистон намояндаи худро ба унвони нозир ба мусобиқот фиристодааст.
Оқои Раҳматуллоев дар мавриди тими тоҷикистонӣ мегӯяд, ки варзишгарони низомии ин кишвар шаш моҳ боз омодагӣ барои ширкат дар ин мусобиқаро доштанд ва қарор аст, ки дар ҳафт даста бо варзишгарони низомии кишварҳои дигари иттиҳодия ба мусобиқа бипардозанд.
Масъулони баргузоркунандаи ин мусобиқот мегӯянд, ки даъватнома барои ширкат дар ин мусобиқот, ки расман доир шудани он аз якум то панҷуми сентябр муаъйян шуда ба тамоми кишварҳои иттиҳодия ирсол шудаааст.
Аммо бархе аз ин кишварҳо, аз ҷумла Озарбойҷон ва Укройн бо ироаи нома ва баҳонаи мушкилоти фирситодани варзишгарони низомӣ аз ширкат дар ин мусобиқа худдорӣ карданд.
Дар ҳудуди даҳ соли ахир ин барои бори аввал аст, ки мусобиқоти куштии дзюдо миёни варзишгарони низомӣ дар ҷаҳорчӯби "Артиши дӯстона" дар Тоҷикистон доир мешавад.
Қаблан барои ширкат дар ин ҷашнвораи варзишӣ намояндагони варзиши низомӣ дар кишварҳояшон ба мусобиқа пардохта буданд ва аксари онҳо аз ҷумлаи варзишгарони ҳирфаӣ буда ва солҳои тӯлонӣ дар ин намуди варзиш машқ мекунанд.
Мусобиқаи куштии дзюдои низомиён дар маҷмаъи варзишии марбут ба донишгоҳи молиёти Тоҷикистон доир хоҳад шуд.
Ба гуфтаи иддае аз коршиносони низомӣ дар ҳоле, ки бештари ҷавонон дар Тоҷикистон аз адои хидмати низомӣ дар артиши ин кишвар худдорӣ мекунанд, ҷалби онҳо ба ин артиш бо истифода аз варзиш иқдоми хубе хоҳад буд.
