Тадорукоти низомиёни рус ба машқҳои низомӣ дар размоишгоҳҳо дар Тоҷикистон

  • 16 Май, 2013

Пойгоҳи низомии 201 Русия дар Тоҷикистон аз омода кардани се размоишгоҳи Тоҷикистон барои баргузории кардани тамриноти низомии сарбозон ва афсарони ин пойгоҳ хабар додааст.

Бар асосии иттилоъияи дафтари матбӯъотии ин пойгоҳ, ки рӯзи панҷшанбеи 16 май ироа шудааст, тадорукоти низомиён дар се размоишгоҳ аз имрӯз ва аз поксозии қаламрави ин размоишгоҳҳо аз эҳтимоли мавҷудияти минҳо оғоз шудааст.

Тибқи ин хабар аз имрӯз дар размоишгоҳои Лоҳури ҳумаи шаҳри Душанбе ва Мумрику Сумбулаи ин пойгоҳ дар вилояти Хатлон, ки масоҳати кулли онҳо се ҳазор ҳектор будааст, сарбозон бо кумаки фаннии минрӯбӣ ва сагҳои бӯйгир қаламрави размоишгоҳҳоро поксозӣ хоҳанд кард.

Ҳамчунин қарор аст, ки аз имрӯз то аввали моҳи июн намояндагони маркази беҳдоштии ин пойгоҳ кайфияти об ва муҳити зист дар ин се размоишгоҳро таҳқиқ карда ва дар манотиқи баргузории тамринот дар фасли гармо иқдомоти зиддиъуфуниро анҷом медиҳанд.

Омодагӣ ба тамриноти низомии афсарон ва сарбозони пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки ҳанӯз тавофуқнома дар мавриди буду боши низомиёни рус дар Тоҷикистон аз сӯйи намояндагони порлумони ин кишвар ба тасвиб нарасидааст.

Коршиносони низомӣ мегӯянд, ки мушкили аслии ба дарозо кашида шудани баррасии ин тавофуқнома дар порлумони Тоҷикистон баҳс бар сари лағви аворизи гумрукӣ барои воридоти маводди сӯхт аз Русия ба ин кишвар будааст.