Таъсиси гурӯҳи корӣ барои таҳияи тарҳи қонуни ҷадиди хидмати сарбозӣ

  • 23 Июл, 2014
Абдуманон ХолиқовImage copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Холиқов гуфт, ки яке аз пешниҳодҳои умда коҳиши муҳлати хидмати сарбозӣ дар артиш аст

Вазорати додгустарии Тоҷикистон барои аз миён бурдани бархе аз мушкилоти мавҷуда дар артиши ин кишвар гурӯҳи кориеро барои таҳияи тарҳи қонуни ҷадиди хидмати сарбозӣ таъсис додааст.

Раҳбари ин гурӯҳи корӣ мегӯяд, ки яке аз аҳфоди таҳияи пешнависи қонуни ҷадид аз миён бурдани ончи "облава" номида мешавад, барои ҷалби ҷавонон ба хидмати сарбозӣ аст.

Абдуманнон Холиқов, муъовини вазири додгустарии Тоҷикистон, рӯзи чаҳоршанбеи 23 июл дар нишасти матбӯъотии ин ниҳод гуфт, ки гурӯҳи корӣ барои таҳияи тарҳи ин қонун фаъъолияти худро оғоз кардааст.

Оқои Холиқов афзуд: "Ин гурӯҳ шомили намояндагони вазоратхонаҳои мухатлиф, аз ҷумла дифоъ, умури дохила, маъориф, молия ва беҳдошт аст. Ин гурӯҳ то моҳи майи соли оянда тарҳи ин қонунро омода карда ва барои баррасӣ ба намояндагони порлумони Тоҷикистон ироа хоҳад дод."

Вай афзуд, ки яке аз пешниҳодҳои умда аз сӯйи гурӯҳи корӣ дар тарҳи қонуни ҷадид коҳиши муҳлати хидмати сарбозӣ дар артиш аст. Тибқи қонуни мавҷуда хидмати сарбозӣ ду сол аст.

Оқои Холиқов мегӯяд, ки гурӯҳи корӣ тибқи сиёсати дарҳои боз кор мекунад ва тамоми пешниҳодҳоро аз намояндагони ҷомеъаи маданӣ ва масъулони дигар мепазирад ва матраҳ мекунад.

Ин дар ҳолест, ки дар баҳори соли ҷорӣ аъзои порлумон аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) барои баррасӣ тарҳи ислоҳи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хидмати низомӣ”-ро ба манзури аз миён бурдани душвориҳои мавҷуда дар артиш пешниҳод карда буданд.

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ, гуфта буд, ки ин пешниҳоди онҳо куллан наҳваи сарбозгирӣ барои артиши миллиро тағйир дода ва имкони аз миён бурдани бархе аз падидаҳои манфӣ, аз ҷумла ҷалби иҷборӣ ба хидмати сарбозӣ ва ришвахориро фароҳам хоҳад кард.

Ҳамчунин, намояндагони ин ҳизб пешниҳод карданд, ки барои адои хидмати сарбозӣ дар артиши Тоҷикистон ба сарбозон дастмузд пардохт шавад.

Масъулони Вазорати додгустарии Тоҷикистон мегӯянд, ки гурӯҳи корӣ барои таҳияи тарҳи қонуни ҷадид таҳлилҳои коршиносон ва матолиби расонаҳо дар бораи хидмати сарбозӣ дар артиши Тоҷикистонро низ меомӯзад.

Гуфта мешавад, ки барои таҳияву тасвиб ва иҷрои тарҳи қонуни ҷадиди хидмати сарбозӣ дар Тоҷикистон ба маблағи ҳангуфте ниёз аст.

Таъсиси гурӯҳи корӣ барои таҳияи тарҳи ҷадиди хидмати сарбозӣ дар ҳолест, ки ахиран гузоришҳое дар бораи мавориди зиёди эъмоли хушунат алайҳи сарбозон дар артиши Тоҷикистон пахш шудаанд.

Бо таваҷҷуҳ ба ин мушкил аксари ҷавонони синни хидмати сарбозӣ аз рафтан ба артиш худдорӣ мекунанд ва бисёре аз онҳо баъд аз фориғ шудан аз макотиби ҳамагонӣ барои пайдо кардани машоғил ба Русия ва кишварҳои дигари хориҷӣ муҳоҷират мекунанд.

Ҳамчунин, ахиран бисёре аз волидон аз ҷалби иҷбории фарзандонашон бо шеваи “облава” ё доругир дар хиёбонҳо ва эъзоми иҷбории онҳо ба артиш шикоят бурдаанд.

Матолиби муртабит