Коҳиши мизони ҷароим дар артиши Тоҷикистон

  • 21 Январ, 2014
Абдуҷаббор СатторовImage copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Сатторов гуфт, ки дар соли гузашта дар маҷмуъ ҳудуди 400 нафар аз низомиён барои даст задан ба ҷароими мухталиф муҷозот шудаанд

Масъулони Додгоҳи Олии низомии Тоҷикистон мегӯянд, ки сатҳи ҷароим дар миёни низомиён дар артиши Тоҷикистон дар ҳоли коҳиш будааст.

Ба гуфтаи Абдуҷаббор Сатторов, раиси ин ниҳод, додгоҳҳои низомии ин кишвар дар соли 2013 беш аз 300 парвандаи ҷиноиро барои даст доштани низомиён дар ҷурмҳои мухталиф баррасӣ кардаанд. Оқои Сатторов афзуд, ки ин омор дар муоқиса ба соли пеш даҳ маврид камтар будааст.

Ӯ мегӯяд, ки дар соли гузашта дар маҷмуъ ҳудуди 400 нафар аз низомиён барои даст задан ба ҷароими мухталиф ба додгоҳ кашида шудаанд.

Вай ҳамчунин дар мавриди омори сарпечӣ аз хидмати низомӣ дар артиши Тоҷикистон гуфт: "Вобаста ба саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ (низомӣ) ва ҷинояти фирор аз артиш дар соли гузашта нисбатан кам мушоҳида шуда ва ҳамагӣ 17 нафар аз сарбозон тибқи моддаи 374, яъне фирор аз артиш муҷозот шуданд.”

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи вай дар соли 2012 дар ин кишвар 37 нафар аз сарбозон барои фирор аз хидмати низомӣ муҷозот шуда буданд.

Ҳарчанд масъулони Додгоҳи олии низомӣ аз коҳиши сатҳи ҷароим дар суфуфи сарбозон ва афсарони артиши Тоҷикистон хабар додаанд, аммо ба гуфтаи коршиносони низомӣ дар артиши ин кишвар сатҳи ҷароим ҳамчунон қобили мулоҳиза боқӣ мондааст.

Ба гуфтаи ин соҳибназарон, бештари мавориди рух додани ҷароим дар артиш аз суи фармондеҳон махфӣ нигоҳ дошта шуда ва дар сурати кушта шудани сарбоз, ин ҷароим ба унвони худкушӣ муъаррифӣ мешавад.

Ҳамчунин кам мавриде дар Тоҷикистон будааст, ки волидони сарбозоне, ки дар ҷараёни хидмати низомӣ ба таври мармуз фавт мекунанд, аз ин вақоеъ ба додгоҳҳо шикоят бибаранд.

Аз ҷумла дар авохири соли 2013 Ҳофиз Темуров, сокини 22-солаи ноҳияи Мурғоби вилояти Бадахшон, сарбози нерӯҳои марзбонии ин кишвар ба ҳангоми хидмати низомӣ дар вазъияти мубҳаму машкуке кушта шуда буд. Пайвандони ӯ гуфта буданд, ки Ҳофиз дар ҷараёни мураххасии худ дар манзил аз азияту озор дар макони хидматаш ба онҳо шикоят карда буд. Аммо масъулони марзбонӣ марги ин сарбозро худкушӣ унвон карда буданд.

Матолиби муртабит