Вазорати дифоъи Тоҷикистон ба донишҷӯёни муътариз посух дод

  • 9 Июл, 2014

Масъулони Вазорати дифоъи Тоҷикистон мегӯянд, ки имтиҳони ҳудуди 40 нафар аз донишҷӯёни муътаризи бахши низомии Донишгоҳи пизишкии ин кишвар баргузор хоҳад шуд.

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифоъ, рӯзи чаҳоршанбеи 9 июл гуфт, ки ин тасмим дар пайи таҷаммӯъи 30 то 40 нафар аз донишҷӯёни ин донишгоҳ дар назди бинои ин вазорат барои исботи ширкаташон дар дарсҳои омодагии низомӣ иттихоз шудааст.

Оқои Маҳмадалиев ба Би-би-сӣ гуфт: "Шералӣ Мирзо, вазири дифоъ, баъд аз мулоқоти донишҷӯён бо Абдуҳалим Назаров, муъовини вазир, дар ин бора дастур дод."

Вай мегӯяд, ки ин афрод ба вазорати дифоъ аз омӯзгорони бахши низомии донишгоҳ шикоят карда буданд. Омӯзгорон гуфтаанд, ки иддае аз донишҷӯёни соли чаҳорум дар дарсҳои омодагии низомӣ, ки аз аввали июл дар ягонҳои вижаи низомӣ доир мешаванд, ширкат накардаанд.

Бархе аз хабаргузориҳои маҳаллӣ шумори ин донишҷӯёнро беш аз сад нафар нивиштаанд. Хабаргузории "Озодагон" аксҳоеро аз донишҷӯёни муътариз интишор дода ва аз қавли бархе аз онҳо нивишта, ки ҳамаи онҳо аз омӯзгорони бахши низомии донишгоҳ ба вазорати дифоъ шикоят бурдаанд.

Яке аз донишҷӯён ба хабарнигор гуфта, ки омӯзгорон бо баҳонаҳои мухталиф ширкати донишҷӯён дар дарсҳои омодагии низомиро дар дафтари ҳозир-ғоиб сабт накардаанд. Дар натиҷа, ин донишҷӯён аз имкони супурдани имтиҳоноти дигари донишгоҳ низ маҳрум шудаанд.