Раҳмон: Соҳибкорон ва сармоягузоронро пуштибонӣ мекунем

  • 14 Октябр, 2014
Эмомалӣ РаҳмонImage copyrightBBC World Service

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқоташ бо тоҷирон ва намояндагони бахши хусусӣ дар шаҳри Душанбе пешниҳод кардааст, ки ба қонунҳои марбут ба фаъъолияти туҷҷор дар кишвар суҳулат бахшида шавад.

Оқои Раҳмон бо ишора ба нақши муҳимми бахши хусусӣ дар беҳбуд ёфтани зиндагии мардум гуфт, ки сатҳи камбизоатӣ дар солҳои 2010-2013 аз 45 фоиз то 35 фоиз коҳиш ёфта ва пешбинӣ кардааст, ки то соли 2015 ин нишондод то 30 фоиз камтар шавад.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ин мулоқот гуфт, ки ба ниҳодҳои зидахл, аз ҷумла Вазорати молия, Вазорати иқтисод, Кумитаи андоз ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ фармону дастурҳо барои таҳлили мушкилоти мавҷуд дар роҳи тавсеъаи бахши хусусиро дода ва як силсила пешниҳодҳоро барои ҳалли масоили мавҷуд аз ҷумла дар заминаи андозбандӣ ва андозситонӣ барои баррасӣ ва қабул ироа кардааст.

Аммо коршиносони тоҷик ба натоиҷи муассир доштани мулоқотҳои раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо соҳибкорон ва фармону дастурҳои ӯ барои суҳулат бахшидани фаъъолияти бахши хусусӣ, камтар бовар доранд.

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдон ва муъовини раҳбари ҳизби сусиол демукроти Тоҷикистон мегӯяд, мулоқотҳои мукаррари оқои Раҳмон бо соҳибкорон чандон натиҷаҳои мусбат надоштааст.

Ӯ мушкилоти мавҷуд дар роҳи тавсеъаи бахши хусусӣ ва ҷалби сармояи берунӣ ва дохилӣ дар иқтисоди Тоҷикистонро чунин баршумурд: "Баланд будани фоизи қарзи бонкҳо, ба замони маҳдуд қарз додан ба соҳибкорон, ба хусус кишоварзон, фасоди густарда, камбудиҳои ҷиддӣ дар сиёсати кодрӣ ва аз ҳамдигар вобаста будани раҳбарият дар зинаҳои мухталифи ҳокимияти давлатӣ, боиси аз ҳамдигар вобаста шудани онҳо, набудани шаффофият ва дар натиҷа сабаби асосии камтар ҷалб гардидани сармояи хориҷию дохилӣ ба иқтисодиёти миллӣ шудааст."

Оқои Ҳакимов афзуд: "Вақтҳои охир бо истифода аз механизмҳои давлатӣ аз ҷумла суд ва прокуратура ва дигар ниҳодҳо аз худ кардани моликияти шаҳрвандон ва моликияти дастаҷамъонаи шаҳрвандон одат шудааст. Набудани амнияти моликият ва дахолати ғайриқонунии мақомоти мухталиф ба фаъъолияти соҳибкорон ва бо ҳар баҳона ҷамъоварии маблағ барои гузаронидани маъракаҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва чорабиниҳои дигар боъиси дилсардии соҳибкорони тоҷик низ шудааст."

Ба ақидаи ин коршиноси мунтақиди давлати феълӣ "то замоне ки ҳокимият барои зиёдтар шудани моликият ва дороии мансабдорон ва шахсиятҳои наздик ба ҳокимият истифода мешавад, беҳтар шудани сифати зиндагии мардумро интизор шудан ғайриимкон аст."

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҳоле дар бораи зарурати тағйирот ва роҳҳои ҷалби сармоягузорони мухталиф ба иқтисоди ин кишвар сӯҳбат кард, ки дар Тоҷикистон мавориди ба додгоҳ кашида шудани соҳибкорони матраҳ ва дар ниҳоят варшикаста эълом шудани ширкатҳои онҳо кам набудааст.

Барои мисол Маъруф Орипов, бунёдгузори нахустин силсилаи суперморкетҳо дар Тоҷикистон, Ҷӯрабек Охунов, мудири ширкати сохтмонии "Мовароуннаҳр", ё Зайд Саъидов, собиқ вазири саноъат ва баъдан молики чандин ширкати тиҷорӣ аз миёни афроде ҳастанд, ки корашон дар айни нуктаи атфи фаъъолияташон ба моҷароҳои додгоҳӣ кашид.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар дидори худ бо соҳибкорони тоҷик дар бораи ҷалби бештари бахши хусусӣ ба соҳаи омӯзиш ва парвариш низ таъкид карда ва гуфт: "Моро зарур аст, ки ба рушди соҳибкорӣ дар ин соҳаи ниҳоят муҳим тавассути ташкили мактабҳо, литсею гимназияҳо, боғчаҳои хусусӣ ва дигар муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ эътибори ҷиддӣ диҳем."

Вай пешниҳод кард, ки барои ҷалби бештари сармоягузорон ба ин арса дар заминаи "муқаррар намудани меъёри пасткардашудаи андоз аз арзиши иловашуда барои муассисаҳои таълимӣ" қадам бардошта шавад.

Ин дар ҳолест, ки додгоҳи Тоҷикистон дар соли 2010 муҷаввизи фаъъолияти Донишкадаи фановарии ҷадид ва иртиботот, нахустин муассисаи таҳсилоти олии шахсӣ дар Тоҷикистонро, ки дар миёни шаҳрвандон аз маҳмубияти вижа бархурдор шуда будро, бозхонд ва ин донишкада баста шуд.