Раҳмон хостори парҳез аз 'исрофкорию худнамоӣ' дар Иди Қурбон шуд

  • 4 Октябр, 2014
Эмомалӣ РаҳмонImage copyrightBBC World Service
Image caption "Бархе аз шаҳрвандон огоҳона қонуни танзими расму ойинро нақз мекунанд ва ба хурофот дода шуда, зиндагии худ ва хонаводаҳои худро душвор мекунанд"

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронӣ ба муносибати Иди Қурбон аз мардуми кишвараш хостааст, ки 'ба хотири ободии наздикон аз исрофкорию худнамоӣ даст кашанд.'

Зимни суханронии телевизиюнияш, Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми ин кишвар гуфт қонуни асосии кишвар, ки 20-умин солгарди тасвиби он то як моҳи дигар (6 ноябр) ҷашн гирифта мешавад, барои тамоми шаҳрвандон озодии пайравӣ аз тамомии мазоҳибро тазмин мекунад.

Оқои Раҳмон афзуд: "Барои беҳбуди зиндагии мардум мо қонуне бо номи "танзими расму ойинҳо” тасвиб намудем, ки анҷоми расму ойин ва маросими суннатиро дар кишвар ба танзим медарорад. Аммо бархе аз шаҳрвандон огоҳона ин қонунро нақз мекунанд ва ба хурофот дода шуда, зиндагии худ ва хонаводаҳои худро душвор мекунанд."

Ишораи ӯ ба қонуни танзими маросим аст, ки соли 2007 тасвиб шуд ва баргузории маросими мардумӣ ва харҷу масорифи онро маҳдуд мекунад. Мақомот ҳамасола аз сарфаҷӯии милюнҳо сомонӣ дар натиҷаи иҷрои ин қонун гузориш медиҳанд, аммо мунтақидон ин қонунро ноқизи озодиҳои мадании шаҳрвандон мехонанд.

Оқои Раҳмон дар суханронии худ таъкид кард, ки бо таваҷҷуҳ ба қавоъиди дини Ислом дар рӯзи иди Қурбон ҳамаи шаҳрвандон лузуман набояд қурбонӣ кунанд. Ба гуфтаи ӯ, танҳо афроди тавонманд метавонанд ин амалро анҷом диҳанд.

Вай гуфт: "Аввалан, қурбонӣ кардан ҳамчун суннат бар дӯши ҳама ҳатмӣ нест. Ин амалро касе бояд иҷро кунад, ки аз назари иқтисодӣ имконият дорад ва молу сарваташ ба ин кор мерасад. Дуюм, нафаре, ки масъулияти худро дар назди аҳли байт ва хешовандони наздик, ки онҳо ба ӯ ҳаққи зиёд доранд, иҷро карда бошад."

Бар асоси аҳкому фароизи исломӣ, мусалмононе, бизоъати қурбонӣ карданро доранд, бояд дар Иди Қурбон бояд гӯсфанд ё ҷонвари дигареро қурбонӣ кунанд. Ба ин муносибат милюнҳо ҷонвар дар саросари ҷаҳон сар бурида мешаванд, ки ин амал бо норизоятии гурӯҳҳои тарафдори ҳуқуқи ҷонварон ҳамроҳ аст.

Оқои Раҳмон ҳамчунин аз мардум хост, ки аз исроф ва газофкорӣ худдорӣ кунанд: "Дар рӯзҳои ид ва дигар суннату маросимҳо ба муҳтоҷон ба андозаи имкон расонидани кумаки моддӣ яке аз фазилатҳои бузурги мардуми мо буда, дар кишварамон тадриҷан ба ҳукми анъанаи нек даромада истодааст. Аммо ин ҳаргиз маънои онро надорад, ки мо дар ин рӯзи муборак сарфаю сариштакориро фаромӯш карда, ба тақлиди дастархонороӣ ва қурбонӣ кардан пардозем."

Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин ибрози итминон кард, ки беш аз шаш ҳазор нафар аз шаҳрвандони кишвар, ки ҳоло дар Арабистони Саъудӣ маросими ҳаҷҷро анҷом медиҳанд, аз худованди муттаъол дархости сулҳу оромиш дар кишварро кунанд.

Ӯ афзуд: "Бовар дорам, ки ҳоҷиёни мо дар он сарзамини муқаддас дар ҳаққи тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон дасти дуъо бардошта, аз даргоҳи поки Худои таъоло барои кишвари азизи худ саботу оромӣ ва пешрафту ободиро талаб менамоянд."

Дар ҳамин ҳол, оқои Раҳмон гуфт, ки мардум алоқаманданд даромад ва пасандозҳои худро барои таҳкими саломатӣ, таҳсили фарзандон, бунёди корхонаҳо ва ободии диёр ва кумакҳои башардӯстона харҷ кунанд ва ин амал дар оянда низ бояд идома ёбад.

Ӯ аз ҳоҷиён хост, то дар ин росто барои мардум улгӯ ва намуна бошанд: "Пеш аз ҳама бояд ҳоҷиён дарси ибрат нишон диҳанд ва ҳамаи мову шумо бояд тамоми нерӯи зеҳнӣ ва ғайрату ҳиммати худро ба созандагию бунёдкорӣ, таҳкими истиқлолу давлатдории миллӣ равона карда, ҳамчунин дар амри хайри тарбияти мардум, хусусан наврасону ҷавонон дар рӯҳияи дӯстиву бародарӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ саҳмгузор бошем."

Матолиби муртабит