Дидори Президент Раҳмон аз Ҳисор
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба манзури ошноӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ба истиқболи солгарди 3000-уми Ҳисор аз ин ноҳия дидан кард.
Бино ба иттилоъи дафтари матбуъоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин дидор оқои Раҳмон бо раванди корҳои сохтмонӣ дар варзишгоҳ бо 20 ҳазор ҷойи нишаст, Мактаби президентӣ, чойхонаи миллӣ, кохи фарҳанг, китобхона ва осорхонаи ноҳияи Ҳисор ошно шудааст.
Ҳамчунин, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз чанд мутамаъаи кишоварзӣ, аз ҷумла, боғи ҷадиди себ, ки дар муқоиса ба боғҳои маъмулӣ 3-4 баробар бештар маҳсул медиҳад, дидор карда ва бо раҳбарони ниҳодҳои давлатию кишоварзӣ ва соҳибкорони ноҳияи Ҳисор мулоқот анҷом додааст.
Зимнан, маросими таҷлил аз ҷашни 3000-умин солгарди Ҳисор дар моҳи сентябри соли оянда баргузор шуда ва дар назар аст, то он замон ҳудуди 200 иншооти таъйиноти мухталиф бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад.
