Дидори Раҳмон бо вазири иттилооти Эрон
Дар дидори раиси ҷумҳурии Эрон бо вазири иттилооти Эрон масоили марбут ба тавсеъаи ҳамкориҳои амниятӣ ва густариши равобити мутақобилан судманд миёни ниҳодҳои зирабти ин ду кишвар баррасӣ шудааст.
Бино ба иттилоъи торнамои “president.tj”, ҳамчунин дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Алавӣ масоили амнияти минтақа, аз ҷумла, вазъияти Афғонистон ва мусоъидат ба бозсозии иқтисоди ин кишвар матраҳ шудааст.
Таъкид шудааст, ки Тоҷикистону Эрон метавонанд дар таҳкими сулҳу субот дар Афғонистон нақши муассиреро ифо кунанд.
