Президент Раҳмон дар бораи ифротгароӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ
Image copyrightBBC World ServiceПрезидент Раҳмон зимни ҳушдор аз тавсеъаи ифротгароӣ дар миёни ҷавонон гуфтааст, ки танҳо дониш метавонад аз ин амр ҷилавгирӣ кунад.
Ин матлабро Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар маросими ифтитоҳи сохтмони ҷадиди Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон матраҳ кардааст.
Дар ин суханронӣ оқои Раҳмон куллияи шогирдон, устодон ва волидайни ҷавононро бо фарорасии соли нави таҳсил табрик карда ва изҳор дошт, ки танҳо дониш метавонад мардумро ба зиндагии сазовор бирасонад.
Дар оғоз раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт: “Мо дар оғози соли таҳсил ҳамчун анъана рӯзи донишро бо дарси сулҳ оғоз мекунем, зеро ин ду мафҳум, яъне дониш ва сулҳ мафҳумҳое мебошанд, ки бо ҳамдигар пайванди ногусастанӣ доранд. Мо шоҳиди он ҳастем, ки имрӯзҳо гӯшаву канори гуногуни оламро низоъҳои қавмиву мазҳабӣ, диниву сиёсӣ ва мухолифати байни миллатҳо фаро гирифта, инсоният ба марҳалаи нави муноқишаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ворид шуда истодааст. Бинобар ин, имрӯз сокинони сайёра беш аз ҳар вақти дигар ба сулҳу субот ниёз доранд”.
Дар идомаи суханронии худ оқои Раҳмон ба ифротгароӣ дар миёни ҷавонон рӯй оварда ва гуфт, ки “дар ин марҳалаи ҳассос мо бори дигар бо ҷиддият эълон медорем, ки ҷонибдори сулҳу субот дар минтақа ва ҷаҳон буда, терроризм, эктремизм ва радикализмро қатъиян маҳкум менамоем ва тавассути донишу фарҳанги миллии худ бо ҳама гуна зуҳуроти номатлуб мубориза мебарем”.
Ҳамзамон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон таъкид кард, ки “мо бояд тибқи суннату анъанаҳои гузаштагонамон таҳаммулгаро бошем”. Вай, ҳамчунин, аз талошҳои давлат барои тавсеъаи фаъъолияти Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон изҳори назар кард ва гуфт, тавре аз таҳлилҳо бармеояд, сифати таълим ва омодагии касбии шогирдони донишгоҳ ҳанӯз талаботи замонаи пешрафтаро қонеъ карда наметавонад.
Ба гуфтаи ӯ, поин будани сатҳи дониши хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар, ки онро бори дигар имтиҳонҳои қабули марказонидашуда аз тарафи Маркази миллии тестӣ нишон дод, гувоҳи ин гуфтаҳост.
Оқои Раҳмон аз ҷумла гуфт: “Ҷараёни қабули имтиҳонҳои марказонидаи имсола собит намуд, ки баҳои гузоштаи омӯзгорон ба дониши воқеии хонандагон мувофиқат намекунад, яъне сатҳи дониши толибилмон хеле паст аст.Чунин ҳолат аз он гувоҳӣ медиҳад, ки баъзе омӯзгорон ҳангоми баҳогузорӣ ба дониши шогирдон бемасъулиятӣ зоҳир намуда, талаботи баҳогузориро риоя намекунанд”.
Ахиран барои бори нахуст имтиҳонот барои шомил шудан ба донишгоҳҳо тавассути Маркази миллии тестӣ анҷом шуд ва ҳоло таҳлили натоиҷи он дар миёни ҷомеъа идома дорад. Ҳарчанд интизор мерафт, ки ин Марказ шароити фасод барои шомил шудан ба донишгоҳҳоро комилан аз байн хоҳад бурд, вале дар миёни сокинон фаъъолияти ин Марказ суолотеро ба бор овардааст.
Дар поёни суханронии худ Эмомалӣ Раҳмон ба мавзӯъи истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ аз сӯйи ҷавонон рӯй овард ва гуфт, ки вақтҳои охир аз бемасъулиятии як қисми волидайн ва масъулини баъзе муассисаҳои таълимӣ ҷавонон ва махсусан, хонандагон бо сабаби ғайримақсаднок истифода бурдани шабакаҳои интернет даст ба ҷиноят мезананд ва бо ҳамдигар муноқиша менамоянд, ки чунин муносибат то ба куштор оварда мерасонад.
Президент Раҳмон аз падару модарон ва масъулини муассисаҳои таълимӣ хост, ки то дар истифодаи шабакаҳои иттилоотии ба рӯҳияи ҷавонон зараровар дар хона ва мактаб маҳдуд намоянд ва истифодаи телефонҳои мобилии фарзандонро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.
Ин дар ҳолест, ки дар як соли ахир дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоъӣ, назири “Одноклассники” ва “Фейсбук” дар Тоҷикистон борҳо маҳдуд шуда ва ба нигарониҳое дар миёни ҷомеъаи кишвар ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ сабаб шуд.
