Раҳмон аз камбуди омӯзгорон дар макотиби Суғд интиқод кард

  • 21 Август, 2014
Эмомалӣ РаҳмонImage copyrightBBC World Service
Image caption Президент Раҳмон аз омӯзгорон даъват кардааст, ки шогирдонро ба “сарфаҷӯйӣ” водор кунанд

Раиси ҷуҳурии Тоҷикистон аз камбуди омӯзгорон дар бархе аз мактабҳои вилояти Суғд, дар шимоли ин кишвар, интиқод кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин сатҳи ҷаҳонбинии иддае аз мутахассиони ҷавон дар ин вилоятро дар замони муъосир нокофӣ хондааст.

Торнамои риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 21 август зимни пахши суханронии оқои Раҳмон нивишт, ки дар соли таҳсилии гузашта дар муассисоти таълимии вилояти Суғд беш аз 33 ҳазор омӯзгор фаъъолият доштанд, ки 74 дарсади онҳо дорои мадраки таҳсилоти олӣ будаанд.

Аммо бо ин вуҷуд, оқои Раҳмон аз камбуди омӯзгорон дар бархе аз навоҳии вилояти Суғд интиқод кардааст.

Вай гуфта: "Дар баробари ин, нарасидани омӯзгорон дар муассисаҳои таълимии шаҳрҳои Панҷакенту Конибодом, Исфара ва ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ашту Айнӣ бештар ба назар мерасад. Чунин вазъ аз масъулони арсаи маъориф ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ андешидани чораҳои заруриро тақозо менамояд."

Оқои Раҳмон ҳамчунин таъкид кард, ки тарбияти мутахассисон барои ҷомеъаи имрӯзӣ яке аз масоили аслии арсаи маъориф аст ва омода кардани онҳо ба омӯзгорон бастагӣ дорад.

Вале ӯ гуфтааст: "Дар иртибот бо ин, як нуктаро таъкид месозам, ки баъзе кадрҳои то ҳол омодашуда ҳанӯз дорои дониши мукаммали заминавӣ набуда, сатҳи ҷаҳонбинии онҳо доир ба масъалаҳои ҷаҳони муъосир маҳдуд мебошад."

Оқои Раҳмон дар ҳоле ки дар маросими ифтитоҳи мактаби шумораи 24 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд суханронӣ мекард, гуфт, ки барномаи давлат барои таъмини фанноварии ҷадид, аз ҷумла роёна, дар макотиби ҳамагонӣ 103 дарсад иҷро шудааст.

Вале ба гуфтаи иддае аз афроди огоҳ, дар бештари авқот масъулони зидахли давлатӣ ҳангоми ифтитоҳи мактабҳо ва таъсисоти дигари ҷадид бо ширкати мақомоти баландпоя, монанди раисҷумҳур, роёнаҳоро аз ҷойҳои дигар оварда ва ба намоиш мегузоранд.

Баъди анҷоми ин маросими ба истилоҳ "намоишӣ" ин компютерҳоро ба макони қаблӣ таҳвил медиҳанд. Аммо масъулони вазорати маъориф ҳамвора ин иддиъоро бепоя мехонанд.

Оқои Раҳмон дар суханронии имрӯзи худ гуфта, ки қарни 21 қарни фанноварӣ аст: "Боъиси қаноъатмандист, ки имрӯз дар ин самт барои наврасону ҷавонони тоҷик тамоми шароит фароҳам буда, онҳо аз технологияҳои муъосир озодона истифода мекунанд."

Аз сӯйи дигар, Президент Раҳмон бо ишора ба ҳаводиси мухталифи табиъӣ, аз ҷумла хушксолӣ, дар ҷаҳон дар ин суханронӣ аз омӯзгорон даъват кардааст, ки шогирдонро ба “сарфаҷӯйӣ” водор кунанд.

Ҳарчанд вай мушаххасан дар бораи наҳваи ин “сарфаҷӯйӣ” сухане нагуфта, вале афзудааст: "Дар чунин шароит, пеш аз ҳама, худи шумо ҳамчун шахсони соҳибмаърифату огоҳ намунаи сарфаю сариштакорӣ бошед ва ин кори хайру муҳимро ба шогирдони худ ҳамеша талқин намоед. Мо бояд коре кунем, ки сарфаю сариштакорӣ ба амалу одати доимии ҳар як фарди ҷомеъа табдил ёбад."

Гузоришҳо ҳокист, ки аз миёни беш аз як милюн муҳоҷири корӣ дар хориҷ аз Тоҷикистон, бавижа дар Русия, шумори қобили мулоҳизаеро афроди таҳсилдида ташкил медиҳанд. Дар миёни ин муҳоҷирон шумори муъаллимон кам нест.

Муҳаббати 40-сола даҳ сол қабл ба Русия барои кор рафтааст. Вай мегӯяд, ки дар бахши филулулужии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил карда ва муддате низ дар як мактаб омӯзгор буд.

Ӯ меафзояд: "Бо он маъоши моҳиёнае, ки ман дар он ҷо мегирифтам, натавонистам ниёзҳои рӯзгорро бароварда созам. Маҷбур шудам ба Русия оям ва дар мағозае кор кунам."

Муҳаббат мегӯяд, ки соҳиби як духтар аст ва барои ояндаи беҳтари ӯ мехоҳад шаҳрвандии Русияро гирифта ва дар он кишвар мондагор шавад. Муҳаббат танҳо зани таҳсилдида аз Тоҷикистон нест, ки мехоҳад зиндагии ояндаи худро ба хотири ояндаи фарзандаш дар хориҷ аз Тоҷикистон сипарӣ кунад.

Гуфта мешавад, ки шумори зиёде аз сокинони Тоҷикистон барои таҳсили хуби фарзандонашон кӯшиш мекунад, ки Русияро макони зиндагии худ интихоб кунанд ва ё фарзандонашонро дар Тоҷикистон барои таҳсил ба макотиби русӣ бибаранд.

Ба гуфтаи онҳо кайфияти тадрис, васоил ва маводди омӯзишӣ дар ин макотиб бамаротиб беҳтар аз мактабҳоест, ки ба забони давлатӣ, яъне тоҷикӣ-форсӣ, таъддим медиҳанд.

Матолиби муртабит